Март 03, 2019 18:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ҷангандаҳои Саудӣ ба Саъда ва Ҳудайдаи Яман

Ҷангандаҳои режими Саудӣ манотиқи мухталиф дар вилоёти Саъда ва Ҳудайдаи Яманро чандин навбат бомбаборон карданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи “Алмасира”, расонаҳои Яман эълом карданд, минтақаи Розаи вилояти Саъда, шимоли Яман чандин навбат ҳадафи ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои Саудӣ қарор гирифт.

Ҷангандаҳои Саудӣ рустоҳои Алкуӣ ва Шаҷандар дар ноҳияи Алдареҳамейи вилояти Ҳудайдаро низ чандин навбат бомбаборон карданд. Низомиёни мутаҷовизи Саудӣ ҳамчунин манотиқи мухталифе аз шаҳри Ҳудайдаро ҳадаф қарор дода ва бо ҳамалоти тӯпхонаӣ худи минтақаи Алифоз дар Алтуҳайтаро гулӯла борон карданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико ва Аморот аз марти соли 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, обӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Эътилофи Саудӣ ҳамарӯза тавофуқи оташбасро, ки дар декабри соли 2018 миёни ҷиноҳҳои яманӣ дар Шветсия имзо шуд, нақз мекунад.