Амалиёти густурдаи артиши Яман алайҳи муздурони Саудӣ дар Алҷавф
Март 10, 2019 17:54 Asia/Dushanbe
Нерӯҳои артиши Яман шуморе аз муздурони Саудиро дар Алҷавф ба ҳалокат расонданд.
Ба гузориши “Алмасира”, силсилаамалиёти нерӯҳои яманӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи набард бо муздурони Саудӣ идома дорад. Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои Яман амалиёти ҷадидеро алайҳи муздурони Саудӣ дар Алҷавф тартиб доданд. Тибқи эъломи расонаҳои арабӣ, ин амалиёт дар Маҷмаулмутун, воқеъ дар Алҷавф анҷом шуд. Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар ҷараёни ин амалиёт шуморе аз муздуронро ба ҳалокат расонданд.