Ибтилои сесад ҳазор яманӣ ба вабо аз оғози соли 2019
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i43738-Ибтилои_сесад_ҳазор_яманӣ_ба_вабо_аз_оғози_соли_2019
Беш аз сесад ҳазор яманӣ аз оғози соли 2019 то кунун ба бемории вабо мубтало шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 13, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  • Ибтилои сесад ҳазор яманӣ ба вабо аз оғози соли 2019

Беш аз сесад ҳазор яманӣ аз оғози соли 2019 то кунун ба бемории вабо мубтало шудаанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дафтари Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар Яман эълом кард, аз оғози имсол то даҳуми май аз маҷмӯи 306 ҳазор нафаре, ки дар Яман ба бемории вабо мубтало шудаанд, 580 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Бар асоси ин гузориш, 47 дарсад аз қурбониён афроди болои шаст сол ва 17 дарсади онон зери панҷ сол ҳастанд.

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ пештар эълом кард, аз апрели соли 2017 то авохири соли 2018 як миллиону чаҳорсад ҳазор нафар дар Яман ба вабо мубтало шуданд ва беш аз 2700 нафар аз мубталоён ба ин беморӣ, ҷони худро аз даст доданд.

Ҷанги золимонаи Арабистон алайҳи мардуми бедифои Яман муҷиби тахриби густурдаи зерсохтҳои беҳдоштӣ ва дармонии ин кишвар ва паҳн шудани бемориҳои мухталиф, аз ҷумла вабо шудааст.