Июн 30, 2019 12:43 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди амири пешини Қатар аз ҷанги Арабистон алайҳи Яман

Амири пешини Қатар аз таҳоҷуми Арабистон ба Яман интиқод кард ва гуфт, саудиҳо солҳост, ки бидуни натиҷа дар Яман меҷанганд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ дар як видео, ки Халифа бин Ҳамад Ол Сонӣ, фарзандаш рӯзи шанбе онро дар “Фейсбук” мунташир кард, изҳор дошт, саудиҳо аз солҳо пеш алайҳи Яман ҷанг ба роҳ андохтҳанд, аммо ҳеҷ натиҷае нагирифтаанд.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовуз низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

Режими Саудӣ ва муттаҳидонаш токунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар (ба қудрат расондани дастнишондагони худ) бирасанд.