Июл 04, 2019 13:03 Asia/Dushanbe
  • Малайзия ҳафри нақб дар Масҷидулақсоро маҳкум кард

Малайзия иқдоми режими саҳюнистӣ дар хусуси ифтитоҳи нақбе дар ҷануби Масҷидулақсо дар Қудси ишғолиро маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНО, Сайфуддин Абдуллоҳ вазири умури хориҷаи Малайзия рӯзи чаҳоршанбе бо маҳкум кардани иқдоми режими саҳюнистӣ дар хусуси ифтитоҳи нақбе дар ҷануби Масҷидулақсо таъкид кард, ин иқдоми якҷониба ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Сайфуддин Абдуллоҳ  таъкид кард, кишвараш ҳамвора дар канори фаластиниён хоҳад буд ва аз ҳуқуқи онон дифоъ мекунад.

Режими саҳюнистӣ якшанбе шаб дар тозатарин иқдоми худ дар ростои яҳудисозии Қудс нақбе мавсум ба Тариқул Ҳуҷҷоҷро дар маҳаллаи Силвон дар ҷануби Масҷидулақсо ифтитоҳ кард.

Дар маросими ифтитоҳи ин нақб  Ҷейсон Гринблат фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна ва Девид Фридман сафири Амрико дар Фаластини ишғолӣ ҳузур доштанд.

Ин нақб аз рустои Силвон убур мекунад ва аз биркаи таърихии Силвон то зери замини Масҷидулақсо кашида шудааст ва боиси ихроҷи фаластиниҳо аз ин минтақа хоҳад шуд.

Ҳафри ин нақб бо маҳкумияти густардаи ҷаҳонӣ ру ба ру шудааст.

Масҷидулақсо ба ҷавлонгоҳи низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист барои аз байн бурдани ҳувияти исломӣ ва масиҳии Байтулмақаддас ва ҷойгузин кардани он бо намодҳои саҳюнизм табдил шудааст.

Иқдомоти султаҷӯёнаи режими саҳюнистӣ дар баробари Қудс ва Масҷидулақсо дар ҳолест, ки созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар соли 2016 бо тасвиби қатъномае ҳаргуна робитаи таърихӣ ва динӣ ва ё фарҳангии яҳудиён бо маконҳои муқаддас дар Қудс ба вижа Масҷидулақсоро рад ва ин масҷидро маконе муқаддас барои мусалмонон донист.

Барчасп