Июл 14, 2019 19:33 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди амири пешини Қатар аз ҷанги Арабистон алайҳи Яман

Амири пешини Қатар аз таҳоҷуми Арабистон ба Яман интиқод кард ва гуфт: саудиҳо солҳост, ки бидуни натиҷа дар Яман меҷанганд.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ дар як видео, ки  Халифа бин Ҳамад Оли Сонӣ, фарзандаш рӯзи шанбе онро дар Фейсбук мунташир кард, гуфтааст: Саудиҳо аз солҳо пеш алайҳи Яман ҷанг ба роҳ андохтаанд, аммо ҳеҷ натиҷае нагирифтаанд.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз моҳи марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.