Август 29, 2019 09:19 Asia/Dushanbe
  • Ҷангандаҳои эътилофи саудӣ Санъоро бомборон карданд

Ҷангандаҳои эътилофи саудӣ бомдоди панҷшанбе дар ду навбат Санъо пойтахти Яманро бомборон карданд.

Шабакаи телеҷизионии Алмусайра-и Яман эълом кард, ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ фурудгоҳи байналмиллалии Санъо ва минтақаҳои атрофи онро ҳадаф қарор додаанд.

Бархе манобеи хабарӣ аз шунида шудани садои чанд таркиши шадид дар Санъо хабар доданд.

Ҳануз аз хасорот ва талафоти эҳтимолии ин ҳамлаҳо гузорише мунташир нашудааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ ру ба ру кардааст.

Режими саудӣ ва муттаҳидонаш токунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба ҳадафҳои худ дар ин кишвар (ба қудрат расондани даст нишондагони худ) бирасанд.