Абубакри Бағдодӣ нохуш аст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i46510-Абубакри_Бағдодӣ_нохуш_аст
Писарамӯ ва дӯсти даврони кӯдакии саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ мегӯяд, дар дидоре, ки бо ӯ дошта, вазъияти ҷисмонии ӯро вахим дидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 06, 2019 15:37 Asia/Dushanbe
  • Абубакри Бағдодӣ нохуш аст

Писарамӯ ва дӯсти даврони кӯдакии саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ мегӯяд, дар дидоре, ки бо ӯ дошта, вазъияти ҷисмонии ӯро вахим дидааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шӯрои додгоҳи олии Ироқ рӯзи панҷшанбе эътирофоти Рабоҳ Алӣ Иброҳим Алӣ Албадриро, ки гуфта мешавад: писарамӯ, писархола ва дӯсти даврони кӯдакии Абубакри Албағдодӣ аст, мунташир кард.

Ӯ, ки муддате дар девони кишоварзии ДИИШ фаъолият кардааст, дар эътирофоти худ гуфтааст, баъд аз нопадид шудани саркардаи ДИИШ, аз сӯи бародарандар ва муҳофизи шахсии Абубакри Бағдодӣ ҳушдорҳое дар хусуси талош барои дидор бо ӯ дарёфт кардааст. Зеро эҳтимол дошт дастгоҳҳои амниятии маҳалли махфигоҳи Бағдодиро кашф кунанд.

Писарамӯи Абубакри Бағдодӣ афзуд, ба ҳангоми фирор бо хонаводааш аз Ироқ ба минтақаи Шаъафаи Сурия, бародари Бағдодӣ ба ҳамроҳи муҳофизи шахсии худ ва нафари севуме, ки ӯро намешинохт, вайро чашмбаста ба хонаи бисёр кӯчаке мунтақил карданд, ки дар он хона ӯ бо Бағдодӣ дидор кардааст.

Рабоҳ Албадри гуфт, дар ин дидор Абубакри Бағдодӣ ба ӯ гуфтааст, ки аз вуҷуди ин ихтилофот дар ДИИШ хабар дорад ва афроди мусаллаҳи тунисӣ ва саудӣ аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки вуҷуди ихтилофот дар ДИИШ - ро бузургнамоӣ мекунанд.

Узви собиқи ДИИШ мегӯяд, ихтилофоти дохилӣ бар Абубакри Бағдодӣ ба шиддат таъсир гузоштааст. Зеро хастагӣ, афсурдагӣ ва нишонаҳои пирӣ дар ӯ маълум буд ва ӯ аз дарди амалиёти ҷарроҳӣ дар гӯши чапи худ ранҷ мебарад.