Октябр 09, 2019 13:56 Asia/Dushanbe
  • Таҷовузи шибҳи низомиёни эътилофи Саудӣ ба чанд кӯдаки яманӣ

Як созмони байналмилалӣ дар гузорише майдонӣ аз таҷовузи ҷинсии шуморе аз шибҳи низомиёни вобаста ба эътилофи саудӣ-иморотӣ ба теъдоде аз кӯдакон дар ҷануби ғарби Яман хабар дод ва хостори пайгарди байналмилалии онҳо шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Созмони байналмилалии  сулҳ барои имдод ва ҳуқуқи башар дар гузорише эълом кард, ки аъзои гурӯҳҳои шибҳи низомии мавриди ҳимояти эътилофи Саудӣ дар шаҳри Туғз ба 12 кӯдак, ки баъзе аз онҳо 8-сола ҳастанд, таҷовуз карданд.

Туғз дар ҷануби ғарби Яман қарор дорад ва бахше аз он таҳти назорати шибҳи низомиёни вобаста ба эътилофи саудӣ-иморотӣ аст.

Ин гузориш бар мабнои шаҳодати хонаводаҳои чор писари қурбонӣ дар ин хусус таҳия шудааст.

Онҳо дар гуфтугӯ бо ин созмон аз таҷовузи ҷинсӣ ба фарзандонашон дар ҳашт моҳи гузашта хабар доданд, ки ду маврид аз ин фоҷеа марбут ба шибҳи низомиёни ҳизби Алислоҳ, шохаи гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар Яман буда, ки дар ҷанг алайҳи Яман аз муттаҳидони Арабистони Саудӣ аст.