Январ 21, 2020 15:31 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи парлумони Ироқ: оғози ихроҷи низомиёни амрикоӣ

Узви Комиссияи амнияти ва дифои парлумони Ироқ аз оғози иқдоми амалии давлат барои ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз хоки ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Алӣ Алғонимӣ узви Комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ, дар бораи замони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз хоки кишвараш ва иҷрои тарҳи ахири парлумон ба дасти давлат тавзеҳ дод.

Алғонимӣ гуфт, тасмими парлумон дар хусуси ихроҷи низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар, барои давлат лозим аст ва тасмиме миллӣ аст, ки бино бар тақозо ва манфиати умумии кишвар гирифта шудааст. Зеро ҳузури ин нерӯҳо ва ҷиноятҳои онон алайҳи раҳбарон ва размандагони Ҳашад Аш-Шаъбӣ ғайриқобили қабул аст.

Ин намояндаи парлумон бо баёни ин ки давлат амалан иқдомоти лозим барои тадоруки ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқро оғоз кардааст гуфт, соли равон шоҳиди поёни ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ба таври куллӣ хоҳем буд.

Алғонимӣ тавзеҳ дод, ки ҳамаи шароит ва нишонаҳои мавҷуд, ба вижа пас аз тасмими ахири парлумон, баёнгари он аст, ки нерӯҳои амрикоӣ дигар ягон далеле барои идомаи ҳузури худ дар Ироқ надоранд.

Ин узви Комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ вуқуи даргирӣ миёни нерӯҳои амрикоӣ ва нерӯҳои ироқиро дур аз зеҳн донист ва зимни ҳушдори ҳаргуна даргирии Амрико ба нерӯҳои ироқӣ таъкид кард, ки Амрико ба хубӣ аз хатари ин иқдом барои ҳазорон сарбозаш дар чанд пойгоҳи мавҷуд дар Ироқ огоҳ аст.

Парлумони Ироқ 5 январ дар вокуниш ба иқдомоти Амрико дар поймолсозии пай дар пайи ҳокимияти Ироқ, ки охирини он, ҳадаф қарор додани сардор шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини раиси Ҳашад Аш-Шаъбӣ ва шумори дигаре аз ҳамразмонашон дар ҷоддаи фурудгоҳи Бағдод буд, тарҳи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқро тасвиб кард.