Тирандозӣ дар Мадинаи мунаввара
Феврал 21, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
Расонаҳои саудӣ аз тирандозии як фарди ношинос дар шаҳри Мадинаи мунаввара ба сӯйи нерӯҳои амниятии Арабистон хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, расонаҳои саудӣ эълом карданд, дар ин тирандозӣ сарҳанг Абдуллоҳ Алғомиди, раиси полиси минтақа бар асари исобати гулӯла ба ноҳияи сар кушта ва як полис низ захмӣ шуд.
Ҳанӯз ҳувияти омили тирандозӣ ё моҳияти иқдоми ӯ мушаххас нест, аммо нерӯҳои амниятии саудӣ тавонистаанд ин фардро дар маҳалли ҳодиса боздошт кунанд.