Феврал 28, 2020 22:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор додани 200 мақарри артиши Сурия аз сӯйи низомиёни Туркия

Вазири дифои Туркия муддаӣ шуд, ки ин кишвар дар посух ба ҳамлаи ҳавоии бомдоди имрӯз, 200 мақарри артиши Сурияро аз замин ва ҳаво ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши “Форс”, Ҳулуси Окор, вазири дифои Туркия имрӯз (ҷумъа) муддаӣ шуд, ки ин кишвар посухи сахте ба ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия алайҳи нерӯҳои Туркия дар Идлиб додааст.

Ӯ муддаӣ шуд, ки ҷангандаҳо ва тӯпхонаи Туркия 200 мақарри артиши Сурияро ҳадаф қарор додаанд ва ин ҳамалот мунҷар ба инҳидоми панҷ болгард, 23 танк ва сомонаи дифоӣ ва куштаву захмӣ шудани 309 нафар аз артиши Сурия шудааст.

Ҳулуси Окор дар идома муддаӣ шуд, ки бо вуҷуди эъломияи Вазорати дифои Русия, ҳузури нерӯҳои Туркия ҳамоҳанг шуда ва мақомоти русӣ аз маҳалли ҳузури нерӯҳои Туркия огоҳ буданд ва ҳеҷ кадом аз “афроди мусаллаҳ” дар канори нерӯҳои Туркия ҳузур надоштанд.

Вазири дифои Туркия таъкид кард: “Мо пас аз ҳамлаи аввал ҳушдор дода будем, аммо бомбаборонҳои ҳавоӣ идома ёфт ва ҳатто мошинҳои имдодиро низ ҳадаф қарор дод”.

34 низомии Туркия бомдоди имрӯз (ҷумъа) дар ҳамлаи ҳавоӣ, ки дар наздикии рустои Албора, воқеъ дар Ҷабалуззовия, дар наздикии устони Идлиб рух дод, кушта шуданд.