Март 11, 2020 11:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Фаластин дар бораи сӯистифодаи Исроил аз коронавирус

Вазорати умури хориҷаи Фаластин ҳушдор дод, саҳюнистҳо бо сӯистифода аз даргирии зеҳнии мардуми ҷаҳон ба коронавирус, дар садади ишғоли боқимондаи хоки Фаластин ҳастанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазорати умури хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин, бо судури баёнияе, ҳадаф қарор додани манотиқи ҷануб, ҷануби ғарб ва шарқи Наблус аз сӯи саҳюнистҳо ва ё кандани садҳо ниҳоли зайтун дар ғарби Байтуллаҳмро далеле барои хориҷ кардани фаластиниён аз ин манотиқ ва мусодираи заминҳои онон барои сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин унвон кард.

Режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе бо тахриби 15 сохтмони мутааллиқ ба фаластиниён дар Қудс ва каронаи бохтарии рӯди Урдун, 33 фаластиниро овора кард.

Исроил бо сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин, дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва додани чеҳраи саҳюнстӣ ба ин манотиқ аст, то султаҷӯиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад.

 

 

Барчасп