Муқобилаи дифои ҳавоии Яман бо ҷангандаҳои эътилофи саудӣ
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бомдоди якшанбе аз муқобилаи дифои ҳавоии ин кишвар бо чанд ҷангандаи эътилофи мутаҷовизи саудӣ хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Яҳё Сариъ эълом кард: Дифои ҳавоии Яман муваффақ шудааст ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саудиро, ки қасди ҳамла ба Санъо пойтахти Яманро доштанд фирорӣ диҳад.
Бар асоси эъломи Яҳё Сариъ, нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо истифода аз сомонаи дифои бумии "Фотир 1" ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саудиро пеш аз ин ки қодир ба анҷоми ҳаргуна амалиёте шаванд, маҷбур ба фирор карданд.
Ин барои ҳафтумин бор тайи ду ҳафтаи ахир аст, ки дифои ҳавоии Яман бо расад ва раҳгирии ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ монеъ аз ҷавлони онҳо дар осмони Яман мешавад.
Қудрати дифои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо вуҷуди муҳосираи ҳамаҷонибаи ин кишвар тавассути режими саудӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводди ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.
Режими саудӣ ва муттаҳидонаш то кунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар (ба қудрат расондани дастнишондагони худ) бирасанд.