Май 13, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи расонаҳои саудӣ ба Таваккал Кирмон

Таваккал Кирмон, ғолиби ямании ҷоизаи сулҳи Нобел изҳор кард, ба далели кондид шуданаш барои узвият дар ҳайати мустақили назорати Фейсбук, аз сӯи як пуйиши онлайн дар Арабистон ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, Таваккал Кирмон бо тарҳи ин матлаб дар Твиттер, таъкид кард, ки ӯ пас аз интисоб дар ҳайати назорати Фейсбук ҳадафи "зӯргӯии фарогири расонаҳои саудӣ" қарор гирифтааст.

Вай бо ишора ба сафари худ ба Туркия гуфт: Он чи акнун бештар аҳамият дорад ин аст, ки аз корде, ки Ҷамол Хошуқҷиро тикка тикка кард, дар амон бимонем.  Ҷамол Хошуқҷӣ, хабарнигори мунтақиди арабистонӣ ва сутуннависи Вашингтон-Пост  буд, ки ба шакли фаҷие дар соли 2018 дар консулгарии Арабистон дар Истамбул ба қатл расид.

Кирмон дар соли 2011 яке аз дарёфткунандагони ҷоизаи сулҳи Нобел (ба таври муштарак) буд, ки ин ҷоизаро ба далели "муборизаи ғайрихушунатомез барои амнияти занон ва ҳуқуқи занон барои мушорикати комил дар иқдомоти сулҳмеҳвар" дар Яман дарёфт кард. Ў нахустин зани арабие аст, ки ба дарёфти ҷоизаи ҷаҳонии сулҳи Нобел ноил шудааст.

Вай яке аз 20 нафаре буд, ки Фейсбук дар канори коршиносони ҳуқуқӣ, мудофеони озодии баён ва сардабири собиқи рӯзномаи Гардяни Англия ба унвони бахше аз ҳайати назорати нави худ интихоб кард. Аз мавориди  тасмимгирии ин ҳайат, чигунагии расидагӣ ба нафратпароканӣ дар бистари шабакаи иҷтимоии Фейсбук аст.

Пас аз ин ки Кирмон эълом кард, баъд аз интисоб дар ҳайати назорати Фейсбук таҳти ҳамла қарор гирифтааст, афроди барҷастае аз ҷумла Агнес Коломор, хабарнигори вижаи Созмони Миллал дар умури эъдомҳои ғайриқонунӣ, ба ҳимоят аз ӯ бархостанд. Хонум Коломор, сарпарасти бахши таҳқиқоти байналмиллалӣ дар мавриди қатли Хошуқҷӣ аст.