Октябр 05, 2016 11:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати саркардаи ДИИШ дар Мусили Ироқ

Дар амалиёти артиши Ироқ дар шаҳри Мусил, саркардаи ДИИШ ба ҳалокат расид.

Ба гузориши пойгоҳи лубнонии Алъаҳд, артиши Ироқ рӯзи сешанбе таи амалиёте дар шаҳри Мусил, воқеъ дар шимоли ин кишвар, Иброҳим Муҳаммад Ҳил, мулаққаб ба Абу Сулаймон, саркардаи ДИИШ ва шумори дигаре аз террористҳоро ба ҳалокат расонд.

Дар ҳамин ҳол, Маркази фармондеҳии амалиёти Аланбори Ироқ эълом кард, бо озодсозии минтақаи Алтаробаша дар шимоли Алрамодӣ, террористҳои ДИИШ аз ин минтақа фирор кардаанд .

Бар асоси ин гузориш, тарҳи ҳифозати комили манотиқи озодшуда дар Алрамодӣ, Ҳит, Албағдодӣ ва Ҳадиса комилан омода шуда ва ин кор ба полиси маҳаллӣ басиҷи ашоирӣ вогузор хоҳад шуд .

Нерӯҳои артиш ва ашоири Ироқ барои дуввумин ҳафтаи мутаволӣ ба озодсозии манотиқи таҳти ишғоли ДИИШ дар Алрамодӣ идома медиҳанд .