Июл 13, 2020 20:35 Asia/Dushanbe
  • Эътирози низомиён муқобили қароргоҳи эътилофи саудӣ дар Яман

Манбаъҳои хабарӣ дар бораи эътирозҳои даҳҳо низомиҳо дар назди қароргоҳи эътилофи саудӣ дар шаҳри Аден дар ҷануби Яман гузориш доданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Форс, даҳҳо сарбоз дар назди қароргоҳи эътилофи саудӣ дар Аден (ҷануби Яман) гирдиҳам омадаанд, ки ба маоши ақабафтодаи худ эътироз кунанд.

  Эътирозгарон дар назди даромадгоҳи қароргоҳи эътилофи саудӣ дар Аден эътироз карданд.

Эътирозҳо пас аз он ки Арабистони Саудӣ эълом карда буд, ки пас аз бӯҳрони молии ин кишвар ба дунболи коҳиши нархи нафт, коронавирус ва идомаи ҷанг дар Яман сиёсати сарфакоронаро пеш хоҳад гирифт ба вуҷуд омад.