Август 05, 2020 07:33 Asia/Dushanbe
  • Эъломи азои умумӣ дар Лубнон дар паи таркиши маргбори Бейрут

Нахуствазири Лубнон ба думболи кушта ва захмӣ шудани садҳо лубнонӣ дар ин таркиш, рӯзи чаҳоршанберо дар саросари Лубнон азои умумӣ эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Аламнори Лубнон, асри рӯзи сешанбе таркиши шадиде дар бандари шаҳри Бейрут, пойтахт, рӯй дод, ки камаш 10 кушта барҷой гузошт.

Бар асоси эъломи шабакаи Аламнори Лубнон дар ин таркиш садҳо нафар низ захмӣ шудаанд.

Хабаргузории расмии Лубнон низ гузориш дод теъдоди захмиҳо қобили шумориш нест.

Мудири кулли гумруки Лубнон эълом кард модаи нитрат боиси таркиш дар бандари Бейрут шудааст.

Раиси вилояти Бейрут таркиш дар бандари шаҳри Бейрутро як «фоҷиаи миллӣ» хонд ва онро бо таркиши Ҳирушимо муқоиса кард.

Бар асоси эъломи расонаҳои лубнонӣ хисорати молии сангине ба бандари шаҳри Бейрут ворид омадааст.

 

Барчасп