Август 13, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
  • Тахриби 70 ҳазор хона дар пайи инфиҷори Бейрут

Ҳайати олии имдодрасонии Лубнон эълом кард, инфиҷори маҳиби Бейрут, мӯҷиби хисорат ба 70 ҳазор хона ва 3792 сохтумон шудааст.

Ба гузориши вебгоҳи Ал Арбия ал Ҷадид,Муҳаммад Хайр, дабири кулли ҳайати олии имдодрасонии Лубнон гуфт, инфиҷори Бейрут як фоҷиа буд ва талош мешавад ҳарчӣ зудтар амалиёти хокбардорӣ ва поксозии маобир поён ёбад.

Ин мақоми лубнонӣ таъкид кард, пардохти хисорат ба осебдидагон низ ба зуддӣ оғоз мешавад.

Созмони амнияти Лубнон низ рӯзи гузашта дар баёнияе эълом кард, инфиҷори Бейрут мӯҷиби ворид омадани хисорат ба 3792 сохтумон ва 4214 худрав шуд.

Чаҳоруми август дар пайи вуқӯи оташсӯзии густурда дар яке аз анборҳои маводи оташзо дар бандари Бейрут, инфиҷори маҳибе дар анборҳои муҷовири он ки ҳовии 2 ҳазору 700 тонна нитрат аммония буд, рух дод.

Ба гуфтаи мақомоти Лубнон, инфиҷори Бейрут ҳудуди 15 миллиард доллар хисорат ба ин кишвар ворид кард. То кунун дар асари ин инфиҷор дастикам 171 нафар кушта шуда ва беш аз шашҳазор нафар захмӣ шуданд.

 

Барчасп