Сентябр 09, 2020 10:05 Asia/Dushanbe
  • 200 олими исломӣ оддисозии равобит бо Тел-Авивро ҳаром эълом карданд

Беш аз 200 нафар аз олимон ва руҳониёни мусулмон рӯзи сешанбе ба ҳаром будани оддисозии равобит бо "режими саҳюнистӣ" фатво доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз ИРНА , ин маҷмӯи фатвоҳоро "Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои  мусулмонон ", ки дафтари марказии он дар Дуҳаи Қатар қарор дорад , мунташир кардааст.
Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои  мусулмонон  дар ин фатво эълом кард : он чӣ, ки миёни бархе кишварҳои  арабӣ ва Исроил рӯй додааст , созиш ба маънои  воқеӣ ва оташбас нест , балки ақабнишинӣ аз муқаддастарин арозӣ ва пурбаракаттарин сарзамин‌ҳост.
 Бар асоси ин фатво  ин гуна  тавофуқот, эътироф ба машрӯияти душмани ишғолгар , ба расмият шинохтан ин режим ва куштору оворагӣ ва дигар  ҷиноятҳои Исроил аст, ки ба лиҳози шаръӣ , қонунӣ ва инсонии ҳаром  аст.
 Дар ин фатво омадааст : ин иқдом , тавонмандсозии душмани саҳюнистӣ барои ишғоли тамоми хоки Фаластин  аст.
Дар пайи талошҳои « Доналд Трамп » раиси Ҷумҳурии Амрико барои тасҳили раванди оддисозии равобити байни Имороту режими саҳюнистӣ , панҷшанбеи 13 август Абу-Дабӣ ва Тел-Авив дар тавофуқномае дар бораи оддисозии комили равобити диплумотӣ ба тавофуқ  расиданд.
 Иқдоми Иморот барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ бо маҳкумияти бисёре аз кишварҳои исломӣ ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ҳамроҳ шудааст .

Барчасп