Соиб Эреқот даргузашт
Октябр 20, 2020 07:34 Asia/Dushanbe
Телевизиони Фаластин душанбешаб аз даргузашти Соиб Эреқот (Saeb Erekat)- дабирикулли Кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин "СОФ" хабар дод.
Телевизиони Фаластин эълом кард, Соиб Эреқот- дабирикулли Кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин дар паи ибтило ба вируси корона даргузаштааст.
Манобеи фаластинӣ субҳи душанбе аз вахомати ҳоли Соиб Эреқот ба дунболи ибтилои вай ба корона хабар дода буданд.
Созмони озодибахши Фаластин, нуҳуми октябр аз ибтилои Эреқот ба корона хабар дода буд.