Октябр 17, 2016 19:45 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти озодсозии Мусил ва поёни ДИИШ дар Ироқ

Хабарҳо аз Ироқ ҳокӣ аз он аст, ки дар пайи эъломи Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ мабнӣ бар оғози амалиёти озодсозии Мусил аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ аз соати аввалияи бомдоди душанбе ҳамалаҳои беамони нерӯҳои низомӣ ва мардумии Ироқ ба мавзеъҳои террористии ДИИШ оғоз шудааст.

Ба дунболи эъломи фармони Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазии Ироқ барои бозпасгирии Мусил аз зери нуфузи ДИИШ нерӯҳои амниятӣ ва низомии ин кишвар бо ҳимояти нерӯҳои мардумӣ ҳамалоти густудаеро ба мавзеъҳои ДИИШ дар нуқтаҳои мухталифи ин шаҳр оғоз кардаанд. Иттиҳоду ҳамдилии мардуми Ироқ, такя ба зарфияти дохилии он омили аслии мувафаққиятҳои ироқиҳо дар мубориза бо ДИИШ, озодсозии бахши умдаи манотиқи ишғолнамудаи ДИИШ дар моҳҳои ахир ва садди мустаҳкаме дар баробари ДИИШ дар Ироқ будааст.

Гурӯҳи террористӣ ва такфирии ДИИШ ҳудуди ду сол пеш дар қолаби як тавтеаи байалмилаӣ ва минтақаӣ бо тарроҳии Амрико ва бархе давлатҳои минтақа муваффақ шуд, шаҳри Мусилро, ки яке аз шаҳрҳои муҳими Ироқ маҳсуб мешавад, ишғол намояд. Ҳукумати Ироқ дар моҳи июни соли 2014 бо такя ба нерӯҳои мухталифи ироқӣ, аз ҷумла нерӯҳои мардумӣ ба муборизаи ҷиддӣ бо терроризм пардохт. Ҳамкории муштараки мардуму артиш ҳамкории сарнавиштсозеро дар заиф кардани ДИИШ дар Ироқ ва муҳосира шудани он дар вилояти Найнаво буд. Масъулони олирутбаи ироқӣ бо нигоҳи воқеъбинона ба таъсиргузор будани ҳамкории мардуму артиш соли 2016-ро соли марги ДИИШ дар Ироқ эълом карданд ва оғози ин амалиёт дар рӯзҳои ахир дурустии ин пешбиниро намоён сохтааст.

Оғози амалиёти Мусил ба маънои поён додан ба фаъолияти ДИИШ дар Ироқ аст. Аммо ба ин мавзӯъ низ бояд таваҷҷуҳ дошт, ки гурӯҳи террористӣ ва такфирии ДИИШ, ки поёни кори худро наздик мебинад, бо шиддат бахшидани ҷиноёти худ дар садад аст, барои худро аз шикасти комил дар Ироқ наҷот додан гузинае биёбад ва ин мавзӯъ метавонад ташдиди ҷиноятҳои ин гурӯҳи террористиро дар пеш дошта бошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин мулоҳизот буд, ки ироқиҳо ба хотири иттихози табирҳои лозим барои аз байн бурдани фаъолияти ДИИШ амалиёти ниҳоии раҳоии Мусил аз чанги ДИИШ-ро бо таъхир оғоз кард. Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти ироқӣ дар рӯзҳои ахир ҳаҷми хисоротеро, ки иқдомоти вайронгароёнаи ДИИШ дар Ироқ доштааст, ташреҳ карданд. Дар ин замина Ҳайдар Ибодӣ, таъкид кард, ки гурӯҳи террористии ДИИШ бо ишғоли баъзе манотиқ 35 миллиард доллар зарар ба ин кишвар ворид кардааст. Шиддат ёфтани харобкориҳо дар баъзе минтақаҳои Ироқ, аз ҷумла Мусил ба ҳадде будааст, ки баъзе аз коршиносон пешбинӣ кардаанд, ҳадди ақал ба 10 сол замон барои бозсозии шаҳри Мусил ниёз аст. Ба ҳар ҳол, масрафҳои ҳангуфти ДИИШ ва ҳомиёнаш, яъне Амрико, Арабистон ва чанд кишвари минтақа мутаваҷҷеҳи мардуми Ироқ шудааст ва мардуми Ироқ умедоранд, ки бо аз байн бурдани террористҳо бо анҷоми амалиёти Мусил ба ин вазъият поён дода ва вориди марҳилаи бозсозии кишварашон шаванд.

Дар ин шароит СММ ба унвони муҳимтарин созмоне, ки дар ҳавзаи сулҳу амнияти байналмилалӣ масъулият дорад, метавонад нақши ҳимоятии муҳиме барои кам кардани мизону шиддати фоҷеаи инсонӣ дар Мусил ифо кунад. СММ метавонад ин нақши ҳимоятиро дар қолаби баҳрагирӣ аз зарфиятҳои созмонҳои тахассусии худ, назири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Комиссариати олии паноҳандагон, ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқаи СММ ифо кунад, ки ин мавзӯъ интизоротро аз ин созмон ҷиҳати кӯмак ба Ироқ дучанд кардааст.