Инфиҷор дар масири як корвони таҷҳизоти артиши Амрико дар Ироқ
(last modified Tue, 30 Mar 2021 10:24:41 GMT )
Март 30, 2021 15:24 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар масири як корвони таҷҳизоти артиши Амрико дар Ироқ
    Инфиҷор дар масири як корвони таҷҳизоти артиши Амрико дар Ироқ

Манобеи ироқӣ аз инфиҷор дар масири ҳаракати як корвони таҷҳизоти артиши Амрико дар ҷануби ин кишвар хабар дод.

 Ба гузориши «Собирин нюз»; манобеи ироқӣ субҳи имрӯз сешанбе эълом карданд, ин корвони артиши Амрико дар шаҳри « ал-Носирия» дар маркази устони «Зии Қор » дар ҷануби ин кишвари ҳадафи бомбаи канори ҷодаӣ қарор гирифтааст. 

 Рӯзи гузашта низ ду корвони таҷҳизоти артиши Амрико дар устони « Бобул» ва устони « ал-Дивония»-и Ироқ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. 

Тайи моҳҳои ахир борҳои корвонҳои низомии Амрико дар Ироқ бар асари инфиҷори бомба ҳадаф қарор гирифта ва дучори осеб шудаанд. 

Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи нерӯҳои террористии амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳеро дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст. 
  
  
  
  Бештар бихонед :