Июн 30, 2021 13:58 Asia/Dushanbe

Манобеи хабарӣ эълом карданд, як пойгоҳи таҳти ишғоли низомиёни террористи амрикоӣ дар Дайруз Зури Сурияи ҳадафи исобати дастикам 8 мӯшаки ракет қарор гирифт.

Ба гузориши Собирин ниюз, як пойгоҳи амрикоӣ дар Дайруз Зури Сурия ҳадафи чандин мӯшаки ракет қарор гирифт.

Собирин ниюз эълом кард, ин пойгоҳ як майдони нафтӣ дошта ва таҳти ишғоли низомиёни террористи артиши Амрико буд.

8 мӯшак ба ин пойгоҳ исобат кардааст ва дӯди ғализе аз он хориҷ мешавад.

Ҳароси амрикоиҳо аз ҳамла ба пойгоҳи Дайруз Зур шабакаи телевизионии Алҷазира низ дар ин бора эълом кард, низомиёни амрикоӣ бо тирандозӣ ба маҳали партоби мӯшакҳо ба ин ҳамла посух доданд.

Расонаҳои наздик ба нерӯҳои мардумии Ироқ низ эълом карданд, як бомбаборони ракетии нерӯҳои эътилофи байналмилалиро дар Дайруз Зур воқеъ дар Сурия ҳадаф гирифт.

Вокуниши Амрико бо ҳамлаи ҳавоӣ ба шаҳри Ал Мадоин дар атрофи Дайруз Зур хабаргузории расмии Сурия низ аз ҳадаф қарор додани пойгоҳи низомии Амрико бо мӯшак хабар дод.

Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ба атрофи шаҳри Ал Мадоин дар атрофи Дайруз Зур ҳамлаи ҳавоӣ кардааст.

Манобеи огоҳ ба хабаргузории Спутник итилоъ доданд, низомиёни Амрико баъд аз ҳадаф қарор гирифтани пойгоҳашон дар атрофи Дайруз Зур, манотиқи атрофи онро бастанд.

Ҳамзамон телевизиони расмии Сурия эълом кард, низомиёни Амрико бо 60 худрави низомӣ аз пойгоҳҳои худ дар атрофи Ҳасака пуштибонӣ мекунанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп