Июл 14, 2021 17:44 Asia/Dushanbe
  • Муқовимат дар садри авлавиятҳо барои боздорандагӣ дар баробари Исроил қарор дорад

Сухангӯи Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт: Ҳадафи Исроил аз тахриби манозили Қудс, ихроҷи сокинони он аст.

Ториқ Салимӣ афзуд: Истифода аз анвои муқовимат барои боздорандагӣ дар баробари режими саҳюнистӣ, дар садри авлавиятҳову вазоиф қарор дорад.

Сухангӯи ҷиҳоди исломӣ гуфт: Низомиёни саҳюнист дар як ҷинояти террористӣ, шаҳрвандони маҳаллаи Силвони шаҳри Қудсро маҷбур карданд, ки манозили худро тахриб кунанд.

Салимӣ изҳор дошт: Афзоиши тахриби манозилу мағозаҳо дар Силвон тавассути саҳюнистҳо, як сиёсати душманона аст, ки ҳадаф аз он идомаи фишор ба мардуми Қудс ва муҳосираи онон аст то дар ниҳоят ононро аз ин шаҳр ихроҷ кунанд.

Сухангӯи ҷиҳоди исломӣ хотирнишон кард: Ин ҷиноёте, ки мардуми Қудсро ҳадаф қарор додааст, мусталзими ҳимояту наҷоти ин мардум ва тақвияти онон барои истодагӣ дар баробари сиёсатҳои поксозии нажодии режими саҳюнистӣ аст.

Шаҳрдории Қудси ишғолӣ дар як ҳафтаи гузашта ҳашт хонаводаи фаластиниро бо таҳдид ба эъмоли ҷаримаҳои сангин маҷбур кард, ки ба дасти худ хонаҳояшонро тахриб кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп