Август 12, 2021 13:32 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ: Ҳомиёни муқовимат бояд муроқиби ҷанги равонӣ ва расонаӣ бошанд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни ин ки иддае барои эҷоди буҳрон дар Лубнон бозор гарм мекунанд, аз ҳомиёни муқовимат хост, ҷанги равониву расонаиро дастикам нагиранд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханронии худ дар маросими сеюмин шаби моҳи Муҳаррам, хитоб ба ҳомиёни муқовимат бар аҳамияти садоқат дар нақли воқеият таъкид кард ва гуфт: Ихтилофи назар бо дигаре ба маънои ҳаҷма ба он фард нест, ҳар инсоне, ки назарашро мегӯяд, эҳтиромаш маҳфуз аст ва тавҳин ба вай муҷоз нест.

Ҳасан Насруллоҳ бо баёни ин ки ҳар кадом аз рӯҳониёни динӣ ё асҳоби расона агар дар бораи сиёсат суҳбат карданд, ҳаққи посух ба онҳо вуҷуд дорад, ҳомиёни муқовиматро ба муҳкамсозӣ дар баробари ҷанги равонӣ фаро хонд ва аз иҳонат ба ашхос дар пайи ихтилофи назар барҳазар дошт.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Кишвари мо дар марҳалаи ҳассос ва мо дар набарде сахту марҳалае тӯлонӣ қарор дорем, ҳомиёни муқовимат бояд бедор бошанд ва ҳар кадом сатҳе аз масъулиятро бар ӯҳда бигиранд.

Ахиран ва пас аз посухи ракетаии Ҳизбуллоҳ ба ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон, Бешар Бутрос Роъи, раҳбари масеҳиёни маронии Лубнон дар изҳороте алайҳи Ҳизбуллоҳ, аз артиши Лубнон хост, пеши роҳи ин ҷумбишро бигирад. Ин изҳороти Роъи нороҳатии ҳомиёни муқовимат дар Лубнонро дар пай дошт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ асароти он дида шуд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ панҷшанбеи ҳафтаи гузашта барои аввалин бор аз соли 2006 ва ҷанги 33 рӯза иқдом ба бомбаборони манотиқе дар ҷануби Лубнон карданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон низ рӯзи ҷумъа дар посух ба ҳамлаи ҳавои режими саҳюнистӣ бо шиллики даҳҳо ракета манотиқе дар шимоли заминҳои  ишғолиро ҳадаф қарор дод.

Бештар бихонед:

 

Барчасп