Гардиан: Ҳаммоми хун дар Яманро мутаваққиф кунед
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i7474-Гардиан_Ҳаммоми_хун_дар_Яманро_мутаваққиф_кунед
Рӯзномаи Гардиан «The Guardian» аз Амрико ва Англис хост, бо мутаваққиф кардани фурӯши силоҳ ба Арабистон, ҳаммоми хун дар Яманро мутаваққиф кунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 07, 2016 17:00 Asia/Dushanbe
  • Гардиан: Ҳаммоми хун дар Яманро мутаваққиф кунед

Рӯзномаи Гардиан «The Guardian» аз Амрико ва Англис хост, бо мутаваққиф кардани фурӯши силоҳ ба Арабистон, ҳаммоми хун дар Яманро мутаваққиф кунанд.

Ба гузориши Радио тоҷикӣ ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи ал-Олам, нашрияи англисии Гардиян, рӯзи душанбе навишт, чашмбастан ба рӯи ранҷҳои мардум дар Яман бисёр душвор шудааст, ҳарчанд бархе дар Вашингтон ва Лондон ҳамчунон талош мекунанд ин корро бикунанд.

Дар ин мақола омадааст, танҳо дар моҳи гузашта, 140 яманӣ дар як маҷлиси азодорӣ кушташуданд ва 58 тани дигар низ дар бомбаборони як зиндон ҷон бохтанд.

Гардиян ҳамчунин навишт, ҷанг дар Яман, ба оворагии се миллион нафар мунҷар шуда ва 14 миллион яманиро дучори гуруснагӣ кардааст, то ҷое, ки акнун, аз ҳар 5 яманӣ, 4 нафар ба кумакҳои башардӯстона ниёзманд шудаанд.

Ин нашрияи англисӣ таъкид кард, аз замони оғози ҷанг дар Яман, Англис токунун бо фурӯши 3.3 миллиард доллар силоҳ ба Арабистон мувофиқат карда ва ин масъала сабаб шудааст, ки бисёре дар Англис ва Амрико худдорӣ аз фурӯши силоҳ ба Арабистонро хостор шаванд.

Гардиан бар зарурати таваққуфи фурӯши силоҳ ба Арабистон ба манзури таваққуфи ҳаммоми хун ва куштори кӯдакон ва нобуд кардани хонаҳо ва фарогир шудани гуруснагӣ дар Яман таъкид кард.