Натоиҷи ниҳоии интихобот ва талоши гуруҳҳои ироқӣ барои ташкили Каталаи Акбар
Комиссиюни олии интихоботи Ироқ натоиҷи панҷумин давраи интихоботи парлумонии ин кишварро эълом кард.
Панҷумин интихоботи парлумонии Ироқ, ки интихоботе зудҳангом буд, якшанбеи 10 октябр бо мушорикати 41 дарсадии воҷидони шароит баргузор шуд ва пас аз як ҳафта низ натоиҷи ниҳоии он эълом шуд.
Ин дар ҳолест, ки натоиҷи аввалияи интихобот рӯзи 11 октябр, яъне як рӯз пас аз баргузорӣ эълом шуд .
Таъхири як ҳафтаӣ дар эъломи натоиҷ, ба далели эътирози бархе гуруҳҳо ба натоиҷи эъломшуда буд. Иллати эътироз низ мавзӯи тақаллуб дар интихобот буд. Бо ин ҳол, дар ҳоле ки дар интихоботи 10 октябр дар муқоиса бо интихоботи соли 2018 изҳороти бештаре дар бораи тақаллуб дар интихобот матраҳ шуд, аммо ҳаҷми шикоятҳои восилшуда якпанҷуми соли 2018 буд. Дар муҳлати қонунӣ дар назар гирифташуда танҳо 356 шикоят ба комиссиюни интихобот восил шуд, дар ҳоле ки ҳаҷми шикоятҳо дар интихоботи давраи қабл, ки иддаоҳои марбут ба тақаллуб камтар аз ин давра буд, 1875 маврид буд.
Илова бар ин, агарчӣ ҳамчунон тазоҳурот дар бархе аз манотиқи Ироқ дар эътироз ба натоиҷи интихобот идома дорад, аммо раҳбарони гуруҳҳои сиёсии муътариз бар табли бесуботӣ ва ноамнӣ намекӯбанд. Дар ҳамин росто, Нурӣ Моликӣ, раиси эътилофи давлати қонун ва нахуствазири 9 соли Ироқ аз 2005 то 2014 дар баёнияе бидуни матраҳ кардани тақаллуб ё дасткорӣ дар интихобот, хостори рафъи халали мавҷуд дар ҷиҳати сиёнат аз ҳуқуқи ҳама шуд. Ин мавзӯот нишон медиҳад, ки бар хилофи бархе таҳлилҳо, Ироқ дар асари эътироз ба натоиҷи интихобот вориди давраи бесуботӣ ва ноамнӣ нахоҳад шуд ва гуруҳҳои сиёсӣ вориди марҳалаи дигар, яъне чоназанӣ барои ташкили фраксиюни бузургтар (Каталаи Акбар) мешаванд, ки барои муаррифии нахуствазири ҷадид аҳамияти зиёде дорад.
Мавзӯи дигар ин аст, ки пас аз эъломи натоиҷи ниҳоӣ мушаххас шуд, ки эътилофи Соирун ба раҳбарии Муқтадо Садр бо ихтилофи зиёде нисбат ба дигар руқабо 73 курсии парлумонро ба даст овард, ки тақрибан ду баробари курсиҳои эътилофи Аттақаддум ба раҳбарии Муҳаммад АлҲалбуси ва эътилофи давлати қонун ба раҳбарии Нурӣ АлМоликӣ аст, ки ба тартиб 37 ва 34 курсии парлумонро ба даст оварданд.
Мутобиқи урфи сиёсӣ дар Ироқ, нахуствазир бояд аз миёни шиаён муаррифӣ шавад. Бинобарин, ҷараёни Садр шонси аслӣ барои ташкили фраксиюни бузургтару муаррифии нахуствазир маҳсуб мешавад, аммо ҷараёни Садр барои нойил шудан ба ин ҳадаф ниёз ба 92 курсии дигар дорад, зеро фраксиюни бузургтару муаррифии нахуствазир бо ҳимояти 50 дарсад ба иловаи як намояндаи парлумон ва ба иборате 165 намоянда ташкил мешавад.
Эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонии Ироқ; "Садр" дар садр
Ҳанӯз мушаххас нест Садр бо кадом гуруҳҳои ироқӣ эътилоф хоҳад кард. Чоназаниҳои сиёсӣ барои ташкили фраксиюни бузургтар оғоз шуд.
Фраксиюни мухолифони муқовимати Ироқ талош доранд фраксиюни бузургтар аз тариқи эътилофи ҷараёни Садр бо гуруҳҳое назири Аттақаддум ва ҳизби демократи Курдистон ба ҳамроҳи бархе гуруҳҳои кучактару мустақил ташкил шавад. Паёми Муқтадо Садр мабнӣ бар омодагӣ барои музокира бо Амрико ва ихтилофҳои ҷиддӣ, ки миёни вай ва Нурӣ АлМоликӣ ва ҳамчунин АлФатҳ вуҷуд дорад, мавзӯе аст, ки мухолифони муқовимат ҳисоби вижае рӯйи он боз кардаанд. Бо ин ҳол, пас аз ташкили нахустин ҷаласаи парлумони ҷадид ва ҳатто пас аз муаррифии раиси ҷумҳурӣ ва раиси парлумони ҷадид, метавон бо қатъияти бештаре дар бораи фраксиюни бузургтару нахуствазири эҳтимолии ояндаи Ироқ назар дод.
Бештар бихонед:
- Ҳушдори АлКозимӣ ба қонуншиканиҳо дар натоиҷи интихоботи Ироқ
- Вокунишҳо ва чароии пешниҳоди таъхири интихоботи парлумонии Ироқ