Ҷосусии интернетии режими саҳюнистӣ ; аз қудрат то осебпазирӣ
(last modified Thu, 18 Nov 2021 15:25:54 GMT )
Ноябр 18, 2021 20:25 Asia/Dushanbe
  • Созмони иттилооти режими саҳюнистӣ дар дохили тамоми телефонҳо аз собит ё ҳамроҳ дастгоҳи шунуд кор мегузорад
    Созмони иттилооти режими саҳюнистӣ дар дохили тамоми телефонҳо аз собит ё ҳамроҳ дастгоҳи шунуд кор мегузорад

Режими саҳюнистӣ аз як сӯ муддаии доштани қудрати сойбирӣ(интернетӣ) аст ва аз сӯи дигар дар баробари ҳамалоти сойбирӣ осебпазирии зиёде дорад .

Пойгоҳи интерентии англисии Middle East Eye дар гузоришии ҷадид ифшо кард, ки Созмони иттилооти режими саҳюнистӣ дар дохили тамоми телефонҳо чӣ собит ё ҳамроҳ, ки аз тариқи гузаргоҳи Карам Абусолим вориди навори Ғазза мешавад, дастгоҳи шунуд кор мегузорад ва ҳар касе ки аз хутути телефони ҳамроҳ ё собит истифода кунад, муколимоташ шунуд хоҳад шуд . Ин пойгоҳи хабарӣ ба нақл аз як манбаи иттилоотии исроилӣ баён кард: садҳо низомии исроилӣ ба таври шабонарӯзӣ дар ҳоли шунуди муколимоти фаластиниён ҳастанд .
Ин нахустин бор нест, ки расонаҳо дар бораи ҷосусии сойбирии режими саҳюнистӣ ифшогарӣ мекунанд . Асосан режими Исроил аз ҷосӯсии сойбирӣ ба унвони як манбаи қудрат ва ҳамчунин як манбаи иттилоот ва ба хусӯс манбаи фишори сиёсӣ баҳра мегирад .
Ҷосусии сойбирӣ барои Исроил як манбаъи қудрат аст, зеро аз ин шева барои нишон додани тавонмандии иттилооту фаннии худ баҳра мегирад . Исроил аз нармафзорҳои ҷосусӣ барои эҷоди равобити наздиктар бо кишварҳои диктаторӣ ба хусӯс кишварҳои арабӣ истифода мекунад .

Дар ҳамин росто рӯзномаи саҳюнистӣ Моркор навишт : Исроил ду нармафзори ҷосӯсии Pegasus дар ихтиёри Аморот қарор додаастармафзори аввал ба Муҳаммад бин Зоид оли Наҳён-валиаҳди Абӯзабӣ ва нармафзори дувум ба Муҳаммад бин Рошид оли Мактум-нахуствазир ва ҳокими Дубай фурухта шудааст .

Ҷосусии сойбирӣ барои Исроил як манбаи иттилоот аст, зеро аз ин шева барои гирифтани иттилоот аз душманон баҳра мегирад . Ин шева ба хусӯс дар қиболи гуруҳҳои муқовимат ба кор гирифта мешавад . Иқдоми созмони иттилооти Исроил дар хусӯси шунуди муколимоти фаластиниҳо дар ин росто қарор дорад.
Бар асоси гузориши пойгоҳи интерентии ёдшудаи англисӣ  фаъолони сиёсӣ, ки таҳдиди амниятӣ барои режими саҳюнистӣ ҳастанд ва ҳамчунин умуми мардум муколимоташон шунуд мешавад, ки ҳадаф аз шунуди муколимоти онон ёфтан нуқоти заъф дар ҷомеъаи фаластинӣ аст .
Ҷосӯсии сойбирӣ манбаи зургӯии Исроил аз шахсиятҳои дигар кишварҳо аст . Ахиран гузоришҳое дар хусӯси истифодаи Исроил аз бадафзори ҷосӯсии Pegasus мунташир шуд, ки ҳатто аз мақомоти кишварҳои ғарбӣ низ ҷосӯсӣ кард . Ин иқдом беш аз ҳама бо ҳадафи тамаъварзии сиёсӣ дар замони зарурӣ анҷом мегирад .
Мавзӯи дигар ин аст, ки Исроил бо вуҷӯди инки дар бораи тавонмандии ҷосӯсии худ иддаои зиёде дорад, дар рӯзҳои ахир шоҳиди осебпазирии зиёди сойбирӣ буд .
Гуруҳи ҳаккерии « Асои Мӯсо » ( Moses_Staff ) аз ҷумлаи гуруҳҳое аст, ки ҳамалоти сойбирӣ алайҳи Исроил анҷом медиҳад . Гуруҳи ҳаккерӣ « Асои Мӯсо » ба тозагӣ аз дастёбӣ ба ҳаҷме аз файлҳо, тасовиру нақшаҳои себуъдии режими саҳюнистӣ ва интишори бахше аз иттилооти ҳассоси он хабар дод.

Дар паи ин иттифоқ рӯзномаи саҳюнистии Yedioth Ahronoth ба нақл аз мақомоти ин режим навишт: Исроил омодагии муқобила бо хатари ҳамалоти сойбириро надорад. Авио Кохави-раиси Ситоди кулли Артиши режими саҳюнистӣ низ эътироф кард: Муҳимтарин таҳдиди фарорӯи Исроил дар ин марҳала атрофи меҳвари ҳамалоти сойбирӣ алайҳи муассисоту таъсисоти иқтисодӣ ва маданӣ аст .

Бо тавваҷуҳ ба ин шароит Нафтали Биннет-нахуствазири режими саҳюнистӣ эълом кард,ки сармоягузории хусӯсӣ дар фанновариҳои сойбирии ин режим дар соли ҷории милодӣ ба 6 миллиард доллар хоҳад расид, ки ин рақам се баробари рақами қаблӣ дар соли 2020 аст .



Бештар бихонед :

Ҳамлаи кибернетикӣ ба сайтҳои чанд бемористони режими саҳюнистӣ

Дафъи ҳамлаи сайберии густарда ба зерсохтҳои иртиботии Эрон