Таҳлил: Соли 2021 чӣ дарсҳое барои ғарби Осиё дошт?
(last modified Sun, 26 Dec 2021 06:51:52 GMT )
Декабр 26, 2021 11:51 Asia/Dushanbe
  • Рӯйдодҳои соли 2021 дарсе барои ҳокимони минтақа буд
    Рӯйдодҳои соли 2021 дарсе барои ҳокимони минтақа буд

Соли 2021 милодӣ рӯйдодҳое дар ғарби Осиё рух дод, ки ҳам дарсҳое барои ҳокимон дар ин минтақа ва ҳам нуқтаи атфе барои он буд.

Ғарби Осиё соли гузаштаи милодӣ шоҳиди рӯйдодҳои муҳимме буд, аммо бархе аз рухдодҳо барои ин минтақа паёмад хоҳад дошт назири тадовуми оддисозии равобит бо режими Исроил ва бархе низ ба унвони як нуқтаи атф маҳсӯб мешаванд, назири гуфтугӯ ва музокира миёни қудратҳо.

Яке аз рӯйдодҳои авохири соли 2020 оддисозии равобити бархе кишварҳои арабӣ бо режими ишғолгари Қудс буд. Иддаои аввалия ин буд, ки ин иқдом дар ростои манофеи фаластиниҳо ва бо ҳадафи эҷоди сулҳ анҷом шудааст, аммо рухдодҳои соли 2021 собит кард, оддисозии ба шиддат гирифтани ҷинояту ишғолгарӣ анҷомидааст.

Ҷанги 12 рӯзаи Ғазза маҳсӯли оддисозии равобити кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ буд. Соли гузашта маргбортарин соли тайи 7 соли ахир барои кӯдакони фаластинӣ буд.

Таҳосуби ишғоли заминҳо ва манозили фаластиниҳо низ соли гузашта бо шиддати бештаре пайдо кард. Ин вазъият беш аз ҳама собит кард, ки дар муқобили ишғолгар на инъитоф ва инфиъол, балки танҳо муқовимати фаъолона метавонад натиҷабахш бошад ва аз мизону шиддати хушунату ишғолгарии он бикоҳад.

Бидуни тардид дар сӯрате, ки кишварҳои бештаре дар соли ояндаи милодӣ дар масири оддисозии равобит бо режими ишғолгари Қудс қарор гиранд, аввалан бар ҳарҷу мараҷ ва ноамнӣ дар минтақа афзӯда мешавад ва дувуман муқовимат иқдомҳои ҷиддитаре барои тақвияти қудрати боздорандагии худ анҷом хоҳад дод.

Яке дигар аз рухдодҳои муҳимми соли 2021 ин буд, ки қудратҳои минтақаӣ дар ғарби Осиё ба ин бовар расиданд, ки ин минтақа беш аз ин, зарфияти ошӯб ва ҳарҷу мараҷ надорад ва бояд дипломастия ва гуфтугӯ ҷойгузини таниш, даргирӣ ва ҷанг шавад. Ғарби Осиё дар як даҳаи гузашта беш аз ҳар минтақаи дигаре дар ҷаҳон аз ошӯб ва даргириҳои қудратҳо осеб дидааст, ки албатта яке аз далоили ин мавзӯ низ мудохилаи қудратҳои хориҷӣ буд.

Соли гузаштаи милодӣ Эрон ва Арабистон, Туркия ва Иморот, Қатар ва Арабистон ба ҷои ҳаракат дар масири идомаи таниш, роҳи дипломатиро баргузиданд. Кишварҳои арабӣ ба шикасти роҳбурдии мудохила дар Сурия эътироф карда ва масири дипломатиро бо Димишқ дар пеш гирифтаанд, ки сафари Абдуллоҳ бин Зоид, вазири хориҷаи Иморот ба Сурия дар ҳамин росто буд. Оддисозии равобит бо Сурия, иттифоқи мубораке барои назми амниятии ғарби Осиё дар соли гузашта буд.

Бозгашти дипломатияи гуфтугӯ ба равобит миёни қудратҳои минтақа дар шароите рух дод, ки хурӯҷи Амрико аз Афғонистон рақам хӯрда ва мутолибаи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ низ афзоиш ёфта буд. Ба иборати дигар, бозигарони аслӣ ва таъсиргузори минтақаи ғарби Осиё ба ин ҷамъбандӣ расидаанд, ки назми дастурии Амрико на танҳо барои ин минтақа пайёмади мусбате нахоҳад дошт, балки амалан ба тазъифи бештари қудратҳои минтақаӣ ба далели шиддат гирифтани мунозиъа миёни онҳо мунҷар мешавад.

Баназар мерасад, ин ривол соли оянда низ дар ин минтақа идома дошта бошад ва масири муфоҳима ва ҳамкорӣ бар танишу даргирӣ бартарӣ ёбад. Ин масир дар сӯрате такмил хоҳад шуд, ки ҷанг алайҳи Яман низ поён ёбад. Бидӯни шак, Арабистони Саудӣ аз тариқи гуфтугӯ ва музокира метавонад аз ботлоқи худсохтаи Яман хориҷ шавад.

 

Бештар бихонед: