Январ 10, 2022 15:57 Asia/Dushanbe
  • Фосилаи замонии зиёрати қабри ҳазрати Муҳаммад (с) барои мардон низ набояд камтар аз 30 рӯз бошад
    Фосилаи замонии зиёрати қабри ҳазрати Муҳаммад (с) барои мардон низ набояд камтар аз 30 рӯз бошад

Мақомоти саудӣ ҳузури занон дар ҳарами мутаҳҳари паёмбари акрам (с) -ро мамнуъ ва муҷаввизи вуруд ба ҳарами мутаҳҳари эшонро фақат ба мардон ва он ҳам ба ҳар 30 рӯзи як бор маҳдуд карданд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи Хабаргузории садо ва симо, Вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистони Саудӣ эълом кард, занон наметавонанд аз тариқи барномаи «Итмарно» (etmarna) муҷаввизи зиёрати қабри ҳазрати Муҳаммад (с) -ро захира кунанд, зеро зиёрат фақат хоси мардон аст ва занон танҳо метавонанд муҷаввизи ҳузур дар Масҷидуннабиро захира кунанд.

Ин вазоратхона ҳамчунин таъкид кард, дар хусуси зиёрати қабри ҳазрати Муҳаммад (с) барои мардон низ фосилаи замонӣ байни ҳар зиёрат набояд камтар аз 30 рӯз бошад.

Вазорати ҳаҷҷу умраи саудӣ ҳамчунин фош кард, ҳеҷ як аз намозҳои фарз дар Масҷидуннабӣ баргузор нахоҳад шуд, аммо барои авқоти намоз дар ҳарами мутаҳҳар ва ҳамчунин барои зиёрати қабри мутаҳҳар мардон метавонанд ба барномаи «Итмарно» муроҷиа кунанд ва ҳузур дар намоз ё зиёратро захира кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп