Афзоиши 43 дарсадии шаҳрак нишинони саҳюнист дар Каронаи Бохтарӣ
Манбаъи расонаӣ, аз афзоиши 43 дарсадии ҷамъияти яҳудиён дар шаҳракҳои яҳудинишини Каронаи Бохтарӣ дар 10 соли ахир хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рузномаи Ашшарқул Авсат, шӯрои шаҳракҳои яҳудӣ дар Каронаи Бохтарӣ дар гузориши солонаи худ эълом кард, теъдоди шаҳракнишинони саҳюнист фақат дар Каронаи Бохтарӣ дар ҳоли ҳозир ба 491 ҳазору 923 нафар расида аст, ки дар 150 шаҳрак сокин ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш, ин рақамҳо нишон медиҳад дар даҳ соли гузашта ва дар давраи нахуствазирии Бинямин Натаняҳу, теъдоди шаҳракнишинон 43 дарсад афзоиш ёфта аст.
Дар ин гузориш омада аст, бархе шаҳракҳо дар соли ахир шоҳиди афзоиши ҷамъияти 92 дарсади буда аст.
Девид Алҳиёнӣ, раиси шӯрои шаҳракҳои яҳудинишин гуфт: Имсол аз марзӣ ним миллион шаҳракнишин убур хоҳем кард ва барои таҳаққуқи ҳадафи як миллион шаҳракнишин дар Каронаи Бохтари то қабл аз поёни даҳаи кунунӣ омода мешавем.
Бар асоси қавонини байналмиллалӣ, шаҳраксозиҳои Исроил ғайри қонунӣ аст ва қатномаҳои Шӯрои Амният ва маҷмаъи умумии Созмони Миллал таъкид мекунад шаҳракҳои исроилии сохта шуда дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ба манзалаи ҷинояти ҷангӣ аст.