Туркия нерӯҳои худро аз Сурия ба Ироқ мунтақил мекунад
(last modified Tue, 22 Mar 2022 12:50:55 GMT )
Март 22, 2022 17:50 Asia/Dushanbe
  • Туркия нерӯҳои худро аз Сурия ба Ироқ мунтақил мекунад
    Туркия нерӯҳои худро аз Сурия ба Ироқ мунтақил мекунад

Бархе манобеъ аз эҳтимоли истиқрори сарбозони Туркия барои муқобила бо ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) дар шимоли Ироқ хабар доданд.

Туркия дар канори ҳимоят аз террористҳои мухолифи давлати Сурия, муддатҳост ба баҳонаи муқобила бо нерӯҳои ПКК, ки онҳоро гуруҳи террористӣ медонад дар ҳоли нақзи тамомияти арзии шимоли Ироқ ва Сурия аст.

Ба гузориши Бағдод Ал-Явм, ин манобеъ имрӯз сешанбе хабар доданд: 400 сарбози турк, ки қаблан дар шимоли ғарби Сурия мустақар буданд, омодагиҳои  худро барои хуруҷ аз минтақаи коҳиши таниш ба унвони бахше аз аввалин гуруҳе, ки минтақаро тарк хоҳад кард, ба поён расонданд.

Ба асоси ин гузориш, беш аз 13500 низомии Туркия дар 60 минтақаи низомӣ дар саросари минтақаи коҳиши таниш воқеъ дар Идлиб, ҳумаи Ҳалаб, Ҳимоҳ ва Лозиқия ҳузур доранд.

Туркия ва гуруҳи ПКК беш аз 40 сол аст, ки даргири як ҷанги хунбор ҳастанд, ки то кунун талафоти инсоии фаровоне аз ҳарду тараф барҷоӣ гузошта аст.