Апрел 07, 2022 10:05 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи Силман аз эътилоф бо Беннет боис мешавад, ки ҳомиёни кабинаи вай ба 60 нафар коҳиш пайдо кунад
    Хурӯҷи Силман аз эътилоф бо Беннет боис мешавад, ки ҳомиёни кабинаи вай ба 60 нафар коҳиш пайдо кунад

Бо хурӯҷи ғайримунтазираи хонум Эйдат Силман (Eidat Silman) аз ҳизби ҳокими "Yamina or Yemina", давлати эътилофии Нафтали Беннет, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар як қадамии суқӯт қарор гирифт.

Ин эътилоф ҳудӯди 10 моҳи пеш дар 13 июни 2021 бо ҳузури 8 ҳизб ташкил шуд ва то пеш аз истеъфои Idit Silman 61 курсӣ аз маҷмӯи 120 курсии порлумонро дар ихтиёр дошт ва 59 курсии дигар ба аҳзоби рақиб ва ё аъроби хориҷ аз эътилофи ҳоким тааллуқ дорад.

Хурӯҷи Силман аз эътилоф бо Беннет боис мешавад, ки ҳомиёни кабинаи вай ба 60 нафар коҳиш пайдо кунаду мухолифони он низ 60 нафар шавад.

Дар ин сӯрат кабинаи Беннет ва Яир Лапид танҳо аз тариқи раъйи аҳзоби хориҷ аз эътилоф (монанди феҳристи муштараки арабӣ) қодир ба тасвиби лавоиҳи мавриди назари худ хоҳад буд.

Тибқи тавофуқ қарор буд, Беннет то моҳи августи 2023 дар симати худ ба унвони нахуствазири Исроил боқӣ бимонад ва сипас Лапид, раҳбари ҳизби "Yesh Atid" то поёни давраи қонунгзории мақоми нахуствазирии Фаластини ишғолиро бар ӯҳда бигирад, аммо дар вазъияти кунӯнӣ ҳеҷ чашмандозе барои ин тавофуқ мутасаввир нест ва ин эҳтимол вуҷӯд дорад, ки Исроил дубора вориди тунели торики билотаклифии сиёсӣ шавад, ки ду сол қабл аз ташкили давлати эътилофии Лапид ва Беннет дар он гирифтор буд ва дар камтар аз ду сол панҷбор шоҳиди баргузории интихоботи зӯдҳангом буд.

Ҳол суол ин аст, ки чӣ авомиле давлати эътилофӣ ва шиканандаи Беннет ва Лапидро дар як қадамии суқӯт қарор додааст ва ояндаи мубҳаму номутмаин пеши рӯи он қарор додааст?

Зоҳиран моҷаро инаст, ки Бинямин Натаняҳу, раҳбари Ҳизби рақиби Likud, Силманро барои ҷудоӣ аз эътилофи Беннет фиреб дода ва ваъдаи эҳрози мақоми вазорати беҳдоштро дар кабинаи баъдӣ ба вай пешниҳод кардааст, аммо баёнияи Силман мабнӣ бар инки вай ба далели ончӣ «осеб ба ҳувияти яҳӯдии Исроил» хонда, аз ҳамкорӣ бо эътилофи давлатӣ сарфи назар кардааст, нишон медиҳад, ки вай низ ҳамонанди хеле аз ростгароёни исроилӣ аз нокомиҳои амниятии мукаррари давлати Беннет нохурсанд аст ва ҳамин амр заминаро барои фурсатталабии Натаняҳу фароҳам кардааст.

Дар ҳоле, ки давлати Беннет бо баргузории нишастҳои Sharm el-Sheikh, Aqaba, Niqab, Ak Naqb Negev талош мекард вонамӯд кунад, ки талошҳои давлати вай дар оддисозии равобит бо бархе аз кишварҳои арабӣ бидуни тавваҷӯҳ ба ҳалли масаълаи Фаластин ба бор нишаста, аммо танҳо зарфи як ҳафта се амалиёти зидди исроилӣ дар умқи арозии ишғолии 1948 мавсӯм ба Исроил сӯрат гирифт, ки дар ҷараёни он 11 исроилӣ кушта ва 19 нафари дигар захмӣ шуданд.

Режими саҳюнистӣ тайи ин нишастҳо бо тавассул ба пружаи Эронҳаросӣ ва барҷастасозии он талош карда буд худро ба такягоҳи кишварҳои навсозишкор муаррифӣ кунад, аммо ин амалиётҳо нишон дод, ки ин режим ҳатто аз таъмини амнияти худ низ оҷиз аст.

Бо тавваҷӯҳ ба инки ҳарсаи амалиёт дар дохили Исроил ва хориҷ аз кантрол ва маҳдӯдаи амниятии Ташкилоти худгардон сӯрат гирифт, лизои масъӯлияти нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз ин амалиётҳо тамоман мутаваҷҷеҳи худи ин режим аст ва ончӣ ин шикастро сангинтар мекунад ин аст, ки ин амалиётҳо дар фосилаҳои замонии мутафовит ва ба таври миёнгин ҳар ду рӯз якбор сӯрати гирифта, ки дар ин муддати нерӯҳои низомӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ дар омодабоши комил буданд. Ин амалиётҳо дар ҳамон ҳоле, ки боиси иттиҳоду ҳамбастагӣ дар миёни фаластиниҳо шуд дар муқобил боиси тафриқа ва ташаттуту ихтилоф дар миёни саҳюнистҳо шуд ва дар ниҳоят заминаро барои фурӯпошии давлати эътилофӣ ва шиканандаи Беннет ва Лапид фароҳам кард.

Бо ин ҳол, як эҳтимоли дигар низ вуҷӯд дорад, ки рӯи дигари сиккаро нишон медиҳад ва он инки равияи Исроил дар гузашта бар ин минвол буда, ки ҳар вақт мехоста аз зери бори масъулиятҳо ва тааҳҳудоти худ шона холӣ кунад ва ё тааҳҳудеро напазирад маъмулан ба "худзанӣ" рӯй меоварда ва бо инҳилоли давлату порлумон барои муддате худро дар пушти халаи сиёсӣ пинҳон мекард то обҳо аз осиёб биафтад.

Исроил борҳо аз ин шева дар қиболи музокироти сулҳ ва ноком гузоштани он истифода кард ва бо вақткушӣ боиси тӯлонӣ шудан ва дар ниҳоят шикасти музокироти сулҳ шуд ва акнӯн мехоҳад аз ҳамин шева дар қиболи музокироти БарҶом истифода кунад ва бо таваҷҷуҳ ба инки ҳамаи коршиканиҳо ва монеатарошиҳои қаблии худ дар қиболи музокироти эҳёии БарҶом ноком мондааст бо эҷоди халаи сиёсӣ дар дохил мехоҳад монеъи ҷадидии пеши рӯи давлати Байден эҷод кунад. Бар ин асос дар сӯрате, ки давлати Байден дар эҳёии БарҶом ҷиддӣ бошад ниҳояти талоши худро ба кор хоҳад гирифт то аз фурӯпошии давлати эътилофии Лапид ва Беннет дар ин мақта ҷилавгирӣ кунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп