Май 07, 2022 11:04 Asia/Dushanbe
  • Ҷави нигаронӣ ва таҳдид ҷомеъаи  саҳюнистиро фаро гирифтааст
    Ҷави нигаронӣ ва таҳдид ҷомеъаи саҳюнистиро фаро гирифтааст

Дар паи фарохонии шаҳшракнишонони ифротӣ барои таарӯз ба Масҷидул-Ақсо дар солрӯзи ҷашни ишғолӣ Фаластин ва эъломи мавҷудияти Исроил, Фаластиниҳо панҷумин амалиёти худро дар таи чанд ҳафтаи гузашта дар шаҳраки саҳюнистнишини Илъод анҷом доданд, ки дар ҷараёни он се саҳюнистӣ кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд.

Омилони амалиёти ҷадид Асъад Юсуф-Арифоъӣ 19 сола ва Субҳи Имод Абушуғайри 20 сола ҳастанд ва ҳар дуи онҳо аз Ҷинин дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ҳастанд. Дар шаҳраки яҳудии Илъод наздик ба 150 ҳазор яҳудии Ҳаредим зиндагӣ мекунанд, ки як ақалияти динӣ яҳуди ба шумор мераванд, ин шаҳрак дар соли 1990 таъсис шуд вале омори ҷамъияти он хели зудтар афзоиш ёфт.

Амалиёти Ибъод ҳамчун  амалиётҳои пешин дар шароите сурат гирифт, ки нерӯҳои низомӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ ба далели баргузории маросими ҷашни ишғолӣ Фаластин ва эъломи мавҷудияти Исроил дар омода боши комил қарор доштанд ва бо таваҷҷӯҳ ба амалиётҳои занҷираии пешин    ҳанӯз ҳушдорҳои амниятиро  фурӯкаш накарда буд.

Ин амалиётҳодар ҳамон ҳоле, ки боиси афзоиши ваҳдат ва ҳамбастагӣ байни фаластиниҳо мешавад дар муқобили шикофаҳои дохилӣ миёни саҳюнистҳоро амиқ ва вусъат мебахшад.

Ба истисно Маҳмуд Аббос раиси ташкилоти худгардон, бақияи гурӯҳои фаластинӣ аз ин амлиётҳо ҳимоят кардаанд ва мардуми Фаластин низ маъмулан ҷашн ва сурур ба роҳ меандозанд аммо дар тарафи Исроил қазия комилан мутафовит аст.

Ҷави нигаронӣ ва таҳдид ҷомеъаи  саҳюнистиро фаро гирифта ва давлати эътилофи  Бенет-Лапид дар остонаи суқут қарор гирифтааст. Ҷиноҳои сиёсии рақиб ба раҳбарии  Нитониёҳу, ки дар хориҷ аз эътилофи ҳоким қарор доранд Нефтали Бенетро ба нокоромади муттаҳам мекунанд ва аъзои ифротии вобаста ба шаҳракнишинонро ҳамчунон ба хурӯҷ аз  эътилоф таҳрик ва ташвиқ мекунанд. Аз ҳама муҳимтар ин,ки беэътимоди ба сервисҳои амниятӣ ва низомӣ афзоиш ёфта ва мушорикат фаъолонаи фаластиниҳои сокини Ирози ишғолӣ 1948 дар амалиётҳои зидди саҳюнистӣ ва ҳамчунин дар таҷамуъот ва тазоҳуроти дифоъ аз Масҷидул Ақсо, бар нигаронии саҳюнистҳо афзӯдааст чаро, ки теъдоди ин даста фаластиниҳо аз марзи ду миллион гузаштааст. Инҳо аз имкони тарадуд ва ҳузӯр дар саросари Фаластини ишғолӣ бархурдор ҳастанд ва дар суратии лузӯм метавонанд нақши сутуни панҷумро барои фаластиниҳои хориҷ аз ин сарзаминҳо ифо кунанд.

Масъулони саҳюнистӣ масъулиятро гардани Яҳё Синвар аз масъулони Ҳамос андохта ва хостори террори вай шудаанд, ки дар суханоне дар маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс  аз амалиётҳои фаластиниҳо тамҷид кард аммо воқеият ин аст, ки ин амалиётҳо, ки ба сурати товталабона ва ғайри созмонёфта сурат мегирад пеш аз ин изҳороти шурӯъ шуда ва амалиёти Ибъод панҷумин навъи он зарфи як моҳи гузашта буд, ки дар ҷараёни онҳо 18 саҳюнист кушта ва ду се баробари ин теъдод ҳам захмӣ шудаанд.

Бештар амалиётҳои фаластиниҳо ба дохили Ирози ишғолӣ 1948 мавсум ба Исрорл ба хусӯс Тел-Авив пойтахти сиёсии ин режим мутамаркиз шудаанд ва  омилони он ё аз фаластиниҳои сокини Ироз ҳастанд, ки тобеъияти исроилӣ доранд ва ё аз сокинони Каронаи Бохтарӣ ва ё аз урдӯгоҳҳои оворагон ҳастанд, ки худро ба дохили Фаластини ишолӣ мерасонанд.

Ба назар мерасад ин амалиётҳо бо ирсоли ин паём ба режими саҳюнистӣ ҳамроҳ аст: Агар чунон чӣ ин режим бихоҳад бо искони саҳюнистҳои ифротӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва шарқи Байтул Муқаддас тарҳои тавсияталабона ва якҷонибаи хдро ба пеш бибарад ва ҳадди ақал умедҳо ва заминҳои боқимондаро барои ташкили давлати фаластинӣ ба пойтахти Қудс аз байн бибарад ва барои тақсими замонӣ ва маконии Масҷидул-Ақсо бикушад дар муқобил фаластиниҳо низ ба ҳарими саҳюнистҳо вурӯд хоҳанд кард ва ба  иқдоми мутақобил даст хоҳанд зад.

Дар воқеъ иллати тамаркузи ин амалиётҳо ба Тел-Авив ин аст, ки шаҳракнишинон аз марказӣ режими саҳюнистӣ ҳидоят ва мудирият мешаванд.

Бар ин асос то замоне, ки тағире дар рӯйкард ва сиёсатҳои тавсиа тавлабонаи режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва шарқи Байтул Муқаддас эҷод нашавад ва дастдарозиҳои гоҳ ва бегоҳи шаҳракнишинон ва ифротиюнӣ мазҳабӣ ба Масҷидул- Ақсоро мутавақиф накунад, ҳамалоти дифоии фаластиниҳо низ камо кон идома хоҳад ёфт, ки дар моҳҳои ахир моҳияти пешдастона ба худ гирифта ва дар воқеъ фаластиниҳо бо ин ҳамалот мехоҳанд пеши ҳамалот ва таърузоти баъдиро бигиранд ва қудрати боздорандагии худро ба арсаи Масҷидул Ақсо низ густариш диҳанд.

Чан омил боиси  иттихози чунин рӯйкарде шудааст: Нахуст  ин,ки фаластиниҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки рӯйкарди дифоъии онҳо таи чанд даҳаи гузашта ба истимрори ишғол анҷомидааст ва дуввум ин, ки фалшастиниҳо ба ин бовар расидаан, ки Исроил онҳоро дар ҷараёни музокироти сулҳ фариб дода ва аз музокирот барои хариди замон ҷиҳати иҷроии тарҳҳои якҷонибаи худ истифода кардааст ва акнӯн бо наздики ба бархе аз кишварҳои арабӣ мехоҳад аз рӯйи масъалаи Фаластин бигузарад  ва ба ҷойи ҳалли масъала сурат масъаларо пок кунад ва саввум, таҷрӯбаи таҳавуллот нишон додааст, ки рафтори саҳюнистҳо дар қиболи фаластиниҳо  танҳо замоне дучори тағири нисби шуда, ки қудрати мутақобили онҳоро ҳис карда, ва ба ин бовар расиданд, ки агар бизананд хоҳанд хурд.

  • Бар ҳамин асос аз замоне, ки гурӯҳҳои муқовимат тавонистанд муодилаи Ғаззаро дар баробари Тел-Авив  барқарор кунанд дигар ин режим монанди қабл ҷуръати ҳамалотии ҳавоӣ ба Ғаззаро пайдо накардааст.

Ҳамаи ин маврид нишон медиҳад, ки туп бозӣ дар замин Исроил ва саҳюнистҳо қарор дорад ва агар онҳо ҳамалот ва таарузоти худро мутавақиф кунанд, имкони тавафуқи ҳамалоти фаластиниҳо низ ҳадди ақал ба сурати тактикӣ вуҷуд хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп