Ҳамкории «хирадмандона ва мутавозин»-и Теҳрону Пекин барои муқобила бо якҷонибагароӣ
Порс Тудей - Сафири Эрон дар Чин гуфт: Теҳрону Пекин бояд бо «ҳамкории хирадмандона ва мутавозин» дар баробари чолишҳои модерн, як ҷонибагароӣ ва султаталабии қудратҳои ғарбӣ, истодагӣ карда ва дар шаклдиҳӣ ба назми ҷаҳонии ҷадид нақшофарин бошанд.
Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, сафири Эрон дар Чин дар нишасти муштарак бо донишҷӯён ва пажӯҳишгарони чинӣ, ки бо ҳамкории муассисаи мутолиоти молии Чонгёнг ва донишгоҳи Renmin Чин дар Пекин баргузор шуд, тасреҳ кард: Равобити Эрону Чин фаротар аз ҳамкориҳои дуҷониба аст ва метавонад ба унвони “унсуре таъйинкунанда” дар тақвияти сулҳу суботи минтақаӣ ва тавозуни қудрати ҷаҳонӣ, ифои нақш кунад.
Ба гузориши Порс Тудей, Раҳмонии Фазлӣ афзуд: Аз манзари стротежӣ, пайванди Теҳрону Пекин бахше аз раванди зуҳӯри Осиёи ҷадид аст; ҷое ки кишварҳои мустақил бо тамаддунҳои куҳан, нақши худро дар назми ҷаҳонӣ бозтаъриф мекунанд.
Вай бо таъкид бар аҳамияти ҳамкорӣ дар ҳавзаи энержӣ, ҳамлу нақл ва фанновариҳои нав гуфт: Эрон бо мавқеъияти жиополитикии мунҳасир бафарди худ, метавонад ҳалқаи иттисоли шарқу ғарбу масири калидии ибтикори “Як камарбанд, як ҷода” бошад.
Раҳмонии Фазлӣ бо ишора ба зарфиятҳои густардаи энержии Эрону ҷойгоҳи Чин ба унвони қудрати бузурги иқтисодӣ ва фанноварӣ, таъкид кард: Ин иштирокот поягузори мушорикате роҳбурдӣ аст, ки метавонад ба амнияти энержӣ, тавсеаи зерсохтӣ ва суботи минтақаӣ кумак кунад.
Дипломати Эрон дар Чин ҳамчунин миёнҷигарии Чин дар эҳёи равобити Теҳрону Риёзро улгӯе барои ҳамкориҳои созанда дар Ғарби Осиё донист ва гуфт: Дар шароите, ки бархе қудратҳои хориҷӣ ба дунболи бесуботсозии минтақа бо таҳрим ва фишор ҳастанд, ҳамкории Эрону Чин бар мабнои эҳтироми мутақобилу чандҷонибагароӣ, масири тозае аз таъомули созанда дар Осиё тарсим мекунад.