Май 08, 2022 13:02 Asia/Dushanbe
  • Яҳё Сариъ : Мардуми Яман дар лаҳазоти торихии сарнавиштсозӣ ҳастанд

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман гуфт: Мардуми Яман дар лаҳазоти сарнавиштсозӣ аз таърих ҳузур доранд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, Яҳё Сариъ-сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман ба ҳамроҳи сарҳанг Алӣ Аҳсан Алматрӣ-мудири идораи молии артиши Яман бо ҳузур дар манотиқи хати муқаддам дар устони Маъариб бо неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумӣ дидор кард .

Яҳё Сариъ дар ин дидор аз омодагӣ ва рӯҳияи болои неруҳо, аз фидокорӣ ва ҷанговарии онҳо муқобили душмани саъӯдӣ тамҷид кард.
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман дар бораи оташбаси думоҳа дар Яман гуфт душман нияти содиқонаи худ барои сулҳ ва ҷиддияташ дар иҷрои оташбасро нишон дода ва ба таҷовузгарӣ ва муҳосираву хурӯҷи неруҳои хориҷӣ поён медиҳад ё ҳамчун гузашта аз иҷрои таъаҳҳудоташ шона холӣ кардаву чеҳраи ҳақиқӣ ва макру ҳилаи худро бори дигар нишон медиҳад .
Яҳё Сариъ дар идома дар хусӯси нақзи мукаррари оташбас аз ҷониби эътилофи саъӯдӣ ва адами иҷрои таъаҳҳудоти худ дар тавофуқ ҳушдор дод .

Муваффақиятҳои майдонии неруҳои муқовимати Яман дар ҳоле аст ,ки тарафи муқобил ба таври умда ба ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои саъӯдӣ дилхуш карда ва талош дорад бо истифода аз бартарии ҳавоӣ пешравии неруҳои давлати Санъоро кунд кунад .

 

Барчасп