Май 21, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Сайф-ал-Қудс аз 10-уми майи 2021 оғоз шуд ва рӯзи 21-уми май низ пас аз 12 рӯз хотима ёфт
    Ҷанги Сайф-ал-Қудс аз 10-уми майи 2021 оғоз шуд ва рӯзи 21-уми май низ пас аз 12 рӯз хотима ёфт

Як сол аз набарди Сайф-ал-Қудс мегузарад, аммо натоиҷи он ба ҳамон 12 рӯз ҷанг хатм нашудааст.

Ҷанги Сайф-ал-Қудс аз 10-уми майи 2021 оғоз шуд ва рӯзи 21-уми май низ пас аз 12 рӯз хотима ёфт. Як сол аз ин ҷанг мегузарад ва саҳнаи сиёсӣ дар Ирози ишғолӣ ва Фаластин ва ҳамчунин даргириҳои миёни режими саҳюнистӣ ва Фаластин дучори тағироте шуд.

Дар Ирози ишғолӣ Бенямин Натанияҳу, ки ҷанг алайҳи Фаластинро бо ҳадафи бақо дар қудрат оғоз карда буд, пас аз 12 сол аз қудрат канор рафт, ки шикаст дар ин ҷанг яке аз иллати аслии муваффақияти рақибони Натанияҳу барои канор гузоштани вай аз нахуствазирии Исроил буд. Бо канор рафтани Натанияҳу, саҳнаи парлумони Исроил шоҳиди рӯйи кор омадани кобинае буд, ки муҳимтарин шохисаи он  шиканандагии зиёд аст.

Нафтали Беннет раёсати кобинаеро бар уҳда гирифт, ки дар он намояндаги аз аҳзоби чап, миёнарав ва Араб ҳузӯр доранд ва худи Беннет низ раҳбари ҳизби даст рости тундрав ё миёнарав бар ӯҳда дорад. Камтар кобинае дар Исроил то ин ҳадд рангоранг ва пур аз афроди бо гироишҳои муттазод буд. Аз сӯйи дигар, пӯсти нахуствазири ҳам миёни Беннет ва  Яир Лапид ба таври чархиши даст ба даст мешавад ва Лапид ноябри 2023 ин пустро аз Беннет таҳвил хоҳад гириф. 

Истеъфои  Идит Силман аз эътилофи кобина дар рӯзи 6-уми апрел ҷариқаҳои умедро барои мухолифон ҷиҳати сарнагунии кобинаи    эътилофӣ зинда кард. Кобинаи    Беннет-Лапин танҳо бо як райи бештар яъне 61 рай дар кинисет ташкил шуда буд ва истеъфои  Силман сабаб шуд кобинаи ҳимояти аксарияти пормонро аз даст дод ва курсиҳо ба сурати мусовӣ 60 ба 60 миёни эътилофи ҳоким ва мухолифон мустақим шуд.

Истеъфои Идит Силман бо истиқболи Натанияҳу пайдо шуд. Дар ҳамин росто низ Натанияҳу ба ҳамроҳии ҳамроҳони худ таҷамӯъи эътирозиро зидди кобинаи Беннет баргузор ва пешбинӣ кард, ки кобина ба зудӣ суқут хоҳад кард. Ду ҳафта пас аз истеъфои    Идет Силман, феҳристи муштараки арабӣ, ки яке аз аъзои эътилофи ҳоким аст замзамаи ҷудоӣ аз кобина сар дод.

Як сол пас аз ҷанги Сайф -ал- Қудс, вазъияти кобинаи чархишии режими Исроил, шиканандатар шудааст. Нуктаи муҳим ин аст, ки дар пеш омадани ин вазъият барои кабинаи Беннет-Лапид низ фаластиниҳо нақши муҳиме доранд. Ин кабина монанди кабинаи Натанияҳу, хушунат алайҳи фаластиниҳоро дар дастури кор қарор дода ва ҳатто ин хушунатҳоро афзоиш додааст, шоҳиди амалиётҳои шаҳодатталабонаи фаластиниҳо   дар Ирози ишғолӣ аст. Токунӯн    5 амалиёти шаҳодатталабона дар ду моҳ  анҷом шуд, ки 19 кушта ва даҳҳо саҳюнистӣ захмӣ шуданд.

Як сол пас аз Сайф-ал-Қудс осебҳои иттилоотӣ ва амниятии саҳюнистӣ дар Ирози ишғолӣ ошкор шуда ва мақомоти саҳюнистӣ дар муқобили ин осебҳо дучор  сардаргуми шуданд. Марвони Исо муовини фармондеҳи гурдонҳои Алқассом ба муносибати аввалин солгарди ин набард таъкид кард, ки " Набарди Сайф-ал-Қудс сароғози рӯзҳои сиёҳе буд, ки интизораш то нобудии  душмани саҳюнистӣ  аст. Сайф-ал-Қудс таъсироти роҳбӯрдӣ бар пайкари душмани ғосиб ва ояндаи он дар сарзамини Фаластин гузошт.

Режими саҳюнистӣ барои мувоҷеҳ бо афзоиши осебҳои иттилоотӣ таҳдид кард фармондеҳони фаластиниро такрор хаҳад кард. Ин таҳдид нишон медиҳад ҳароси Нафтали Беннет ва Яир Лапид барои фурӯғпошии кобина дар асари нотавонӣ барои муқобила бо иқдомҳои фаластиниҳо низ дар баёнияи муштарак эълом карданд, ки шамери Қудс ҳамчунон берун аз ғалоф аст ва таҳдидҳои режими ишғолгар дар хусӯси террори сарони муқовимат нишон диҳандҳаи нотавонӣ, сардаргумӣ ва шикасте аст, ки ин режим дар он ба сар  мебарад.

Бештар бихонед:           

Барчасп