Саҳюнистҳо ҳаргиз муваффақ ба яҳудисозии Қудс нахоҳанд шуд
(last modified Fri, 22 Jul 2022 14:29:34 GMT )
Июл 22, 2022 19:29 Asia/Dushanbe
  • Саҳюнистҳо ҳаргиз муваффақ ба яҳудисозии Қудс нахоҳанд шуд

Сухангӯи ҷумбиш ҲАМОС гуфт, дастури тахриби хонаҳои фаластиниёну ҷилавгирӣ аз сохтусоз дар Қудс ҳаргиз нахоҳад тавонист осору нишонаҳои таърихиву исломии онро аз байн бибарад.

Муҳаммад Ҳамода, сухангӯии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) рӯзи ҷумъа дар бораи шаҳри Қудс гуфт, иқдоми режими ишғолгар дар судури даҳҳо фармони тахрибу ҷилавгирӣ аз сохти хонаҳову таъсисоти шаҳрӣ дар Қудси ишғолӣ дар рӯзҳои гузаштаву қасди ишғолгарон барои густариши ин иқдомот, ҷинояти ҷадиди саҳюнистҳову ҷанге ошкор зидди мавҷудияти фаластиниён дар ин шаҳри муқаддас аст.

Сухангӯи ҲАМОС таъкид кард, шаҳри Қудс ба таври комил сарзамине фаластинӣ асту ишғолгарон ҳеҷ ҳокимияте дар он надоранду миллати муқовиму пойдори Фаластин дар сарзамини худ собитқадам хоҳад монд ва бо ин ҷанги девонавор бо ҳамаи имконоти худ муқобила хоҳад карду ҳар чи қадар Амрико талош кунад бар ҷиноятҳои ишғолгарон сарпӯш бигузорад, талоше ки дар баёнияи Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико ва Яир Лапид, нахуствазири режими саҳюнистӣ таҷаллӣ ёфт ва ҷомеаи байналмилал онро ба назора гирифтааст.

Режими Исроил бо тахриби манозили фаластиниҳову эҳдоси шаҳракҳои саҳюнистнишин дар замини онҳо дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёӣ ва бофти ҷамъиятии манотиқи фаластинӣ ва саҳюнистисозии ин манотиқ аст.