Июл 24, 2022 09:08 Asia/Dushanbe
  • Идомаи поймолсозии оташбаси саъудиҳо ва муздуронаш дар Яман

Вазири дифои Яман дар вокуниш ба поймолсозии пайдарпаи оташбас аз сӯи эътилофи мутаҷовизи саъудӣ гуфт: Барои дифо аз Яман ҳамвора омодаем.

Як манбаи низомии Яман таъкид кард 205 мавриди нақзи оташбаси инсонӣ ва низомӣ тавассути неруҳои мутаҷовизи саъудӣ ва муздурони онҳо дар 24 соъати гузашта анҷом шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадносири Алотифӣ- вазири дифои Яман шанбешаб эълом кард фурсат барои эътилофи мутаҷовизон фароҳам аст, то ба самти сулҳи одилонаву шарофатмандона ҳаракат кунанд ва агар ҷанг бихоҳанд мо омодаем .
Шӯрои олии сиёсии Яман низ эълом кард  мудохилаи хориҷӣ дар умӯри дохилии Яман бузургтарин монеъ барои сулҳ дар ин кишвар аст.
Шӯрои олии Яман гуфт сулҳ ниёзманди иродаи ҷиддӣ ва омодагӣ барои мушорикати амалӣ дар таваққуфи таҷовуз, рафъи муҳосира, поён додан ба ишғолгарӣ ва аз байн бурдани ҳамаи осору пайомадҳои ҷанг аст.
Дар ҳамин ҳол Созмони Миллали Муттаҳид авоили моҳи июн эълом кард  аз замони иҷрои оташбаси Яман дар моҳи апрели гузашта камаш 19 ғайринизомӣ бар асари инфиҷори анвоъи мина, талаҳои инфиҷорӣ ва бомбҳои дастӣ дар ин кишвар кушта ва 32 тани дигар захмӣ шуданд .
 

 

Барчасп