Таҳлил: Вокунишҳо ба ҳарҷ ва марҷи сиёсӣ дар Ироқ
(last modified Mon, 01 Aug 2022 06:45:42 GMT )
Август 01, 2022 11:45 Asia/Dushanbe
  • Муътаъризон умдатан садрӣ ба  тадовуми  тазоҳурот исрор доранд
    Муътаъризон умдатан садрӣ ба тадовуми тазоҳурот исрор доранд

Ҳарҷ ва марҷ ва нобасомонии сиёсӣ дар Ироқ, ки таи рӯзҳои ахир дар қолаби ду ҳамла ба парлумон анҷом шуд, вокунишҳои густардае дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар доштааст.

Муътаризони ироқӣ, ки ағлаби онҳо ҳаводорони ҷараёни Садр ҳастанд дар рӯзҳои ахир бо таҷамӯъ дар минтақаи Сабзӣ Бағдод, ду бор вориди парлумон шуданд, ба наҳве, ки фаъолияти парлумон ба ночор таътил шуд ва нахусвазир рӯзи якшанберо дар ин кишвар таътил эълом кард. Муътаъризон умдатан садрӣ ба  тадовуми  тазоҳурот исрор доранд ва ба мақари дастгоҳи олии  қазоии Ироқ низ  ҳамла карданд. Ин рафторҳо, ки сабаби тадовум ва ҳатто шиддат бахшидан ба бунбасти сиёсӣ дар Ироқ мешавад бо вокунишҳои дохил ва хориҷӣ аз Ироқ мувоҷҷеҳ шуд.

Ағлаби шахшиятҳои Ироқи  аз ҷумла Мустафо- ал-Козимӣ, нахуствазир, аз гуруҳҳои сиёсиии Ироқ хостанд хештандори ба харҷ диҳанд ва масири гуфтугӯро барои  ҳалли таъорузҳо ва ихтилофҳо баргузинанад. Ин вокунишҳо дар ҳоле аст, ки бархе гузоришҳо дар Ироқ ҳоки аз ин аст, ки нерӯҳои амниятӣ, ки таҳти кантроли давлати мувақати Ал-Козимӣ қарор доранд муқовимати чандоне дар қиболи муътаризон надошта ва ба далели тамойил надоштани чорчӯби ҳамоҳангӣ ба нахутвазирии Ал-Козимӣ, чандон ҳам аз ҳарҷ ва маҷрҳои ахир норозӣ нестанд.

Дастаи дуввуми вокунишҳо дар дохили Ироқ, ҳушдорҳое аст, ки дар бораи  табаоти баҳрагирии ҷараёни Садр аз сафкашии хиёбонӣ барои дастёбӣ ба манофеъи сиёсӣ аст. Ин ҳушдорҳо низ бар ду буъд таъкид дорад. Буъди нахуст ин аст, ки бо ин сафкашии хиёбонӣ, раванди сиёсии Ироқ бо хатари ҷадиде мувоҷҷеҳ шуда ва метавонад монанди соли 2019 ин раванд ба ҷои инки  бурундод демократи ва интихобот бошад,  бурундод сафкаши ва хушунатҳо бошад.

Иброҳим-Ал-Ҷобирӣ мудири дафтари Саид Муқтадии Садр раҳбари ҷараёни Садри Ироқ рӯзи якшанбе бо баёни инки таҳасуни ҳомиёни ин ҷараён ҳамчунон идома хоҳад дошт, гуфт: Таҳасун дар парлумон номаҳдуд аст ва миллати Ироқ, ҳарфи охарро мезанад. Ин таҳасун то замоне, ки гуруҳҳои фосид аз қудрат бар канор шаванд, ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Ба иборати дигакр, ҳадафи ҷараёни садр аси, ки нокомии пас аз интихоботи парлумонӣ дар ҷиниш қудратро бо ҳарҷ ва марҷ ва  сафкаши дар хиёбон ҷуброн кунад.

Буъди дигар ҳушдор дар блоапи табаълти улгуи рафтори хашин ва ғайри демократи низ ини аст, ки ин сафкашиҳо метавоналд мунҷар ба шаклгириии фитнаи сиёсӣ ва истифодаи душманон аз ин вазъият шавад. Ҳоди Алъомири ва Аммор Алҳаким аз ҷусмлаи шахсиятҳое  ҳастанд, ки нисбат ба сӯистифоди душманон аз ин вазъият дар Ироқ ҳушдор доданд.

Дастаи саввуми вокунишҳо марбут ба мақомоти минтақаи Курдистони Ироқ буд.  Ничервони Борзонӣ, раиси минтақаи Курдистон зимни даъвати гурӯҳҳои ироқӣ ба хештандорӣ, аз омодагии  Эрбил барои мизбонӣ аз гурӯҳҳои ироқӣ ҷиҳати гуфтугӯ хабар дод.

Борзонӣ гуфт: Иқлими Курдистон монанди ҳамеша бахше аз  роҳи ҳал хоҳад буд. Бинобарин аз тарафҳои сиёсӣ дар Ироқ мехоҳем ба  Эрбил ба унвони пойтахти  дуввумашон биёянд ва гуфтугӯи номаҳдуд ва фарогирро ба манзури расидан ба тафоҳум ва тавофуқ бар асоси манофеъи олии кишвар оғоз кунанд. Ҳеҷ мушкили вуҷӯд надорад, ки роҳи ҳал надошта бошад.

 Ҳизби демократии Курдистон, ки Нечирвон Борзонӣ низ аз раҳбарони он аст дар зумраи гурӯҳҳои муттаҳиди ҷараёни Садр  маҳсуб мешавад ва пеш аз ин  низ талошҳои онҳо барои чиниши қудрат натиҷа надоштааст.

Дастаи чаҳоруми вокунишҳо низ марбут ба бозигарони хориҷӣ аст, ки умдатан бар лузуми суботи Ироқ, гуфтугӯ миёни гурӯҳҳои сиёсӣ, хештандорӣ дар муқобили ҳам ва лузуми бозгашти оромиш ба ин кишвар таъкид доранд.

Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Миллал, тарафҳои муассир дар Ироқро ба иттихози гомҳои фаври барои оромиши авзоъ дар кишвар ва ҷулугирӣ аз хушунати бештар ва тазмини муҳофизат аз тазоҳурот кунандагони мусолиатомез ва ниҳодҳои ҳукумати фарохонд.  Бо ин ҳол нукта ин аст, ки токунун бозигарони хориҷӣ аз ҷумла Созмони Миллалӣ Муттаҳид ва намояндаи вижаи он дар умури Ироқ иқдоме дар ҷиҳати фароҳам кардани заминаи гуфтугӯ миёни гурӯҳҳои ироқӣ ҷиҳати поён додан ба танишҳо анҷом надоданд.  тадовуми ин раванд низ матлуби манофеъи Амрико ва бархе аз кишварҳои минтақа ва ҳамчунин режими ишғолгари Қудс аст.

Бештар бихонед: