Шаҳодати ҷавони фаластинӣ дар шимоли Рамалла
Шабакаи Кони режими саҳюнистӣ шанбешаб аз шаҳодати як ҷавони фаластинӣ дар шимоли Рамалла хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон шабакаи Кон ҳамчунин эълом кард, ки як фаластинии дигар захмӣ шудааст.
Пеш аз ин хабаргузории Шаҳоби фаластинӣ эълом кард ду фаластинӣ дар наздикии шаҳраки Синҷил дар шимоли Рамалла ҳадафи гулулаи саҳюнистҳо қарор гирифтанд, ки ҳоли яке аз онҳо бад гузориш шудааст.
Расонаҳои фаластинӣ ҳамчунин пеш аз ин низ аз захмӣ шудани 49 нафар дар даргири бо низомиёни режими саҳюнистӣ хабар доданд.
Саҳюнистҳо солҳост барои дастёби ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рузона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш мебаранд ва фаластиниёнро шаҳид ва маҷруҳ ва ё боздошт мекунанд.
Размандагони фаластинӣ низ бо ҳар василае посухи ҷиноятҳои бемушори саҳюнистҳоро медиҳанд ва ҳамин амр шароити вижаеро барои саҳюнистҳои ғосиб дар сарзаминҳои ишғоли рақам зада аст.