Ҳабси абад барои шуморе аз раҳбарони Ихвонулмуслимини Миср
Додгоҳе дар Миср 11 тан аз раҳбарони Ихвонулмуслиминро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории Олмон, додгоҳи ҷиноии вилояти Порт- Саид дар шимоли шарқи Миср рӯзи панҷшанбе 11 тан аз раҳбарон Ихвонулмуслимин, аз ҷумла дабири Ҳизби озодӣ ва адолат дар вилояти Порт-Саидро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Масъулони мисрӣ гурӯҳи Ихвонулмуслиминро гурӯҳи террористӣ медонанд.
Ин раҳбарони Ихвонулмуслимин ба иттиҳоми мушорикат дар иқдомоти хушунатбор дар атрофи мақарри Ҳизби озодӣ ва адолат дар минтақаи Ашшарқи вилояти Порт –Саид, ҳамли силоҳ ва истифода аз зӯру хушунат ва даст доштан дар куштори шаҳрвандон, муҳокима ва маҳкум шуданд.
Додгоҳи ҷиноии Миср моҳи январи соли 2015 низ бо судури ҳукме Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршуда, Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвонулмуслимини Миср ва чаҳор тани дигар аз раҳбарони ин гурӯҳро ба эъдом маҳкум карда буд.
Ин додгоҳ ҳамчунин 21 тан аз муттаҳамони парвандаи ҳамла ба зиндонҳоро ба ҳабси абад маҳкум карда буд, аммо додгоҳи таҷдиди назари Миср понздаҳуми ноябри имсол ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсиро дар моҷарои ҳамла ба зиндонҳоро лағв ва дастури расидагии дубора ба ин парвандаро содир кард.