Созмони милал: Яман фалаҷ шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i9988-Созмони_милал_Яман_фалаҷ_шудааст
Ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милал дар умури Яман бо ишора ба ин ки фаъолияти 55 дарсади таъсисоти дармонӣ ва пизишкии Яман ба далели ҷангу даргириҳо мутаваққиф шуда, таъкид кард, ки Яман амалан фалаҷ шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 18, 2016 15:47 Asia/Dushanbe
  • Созмони милал: Яман фалаҷ шудааст

Ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милал дар умури Яман бо ишора ба ин ки фаъолияти 55 дарсади таъсисоти дармонӣ ва пизишкии Яман ба далели ҷангу даргириҳо мутаваққиф шуда, таъкид кард, ки Яман амалан фалаҷ шудааст.

Ба гузориши ИСНА, Ҷейми Макголдрик, ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милал дар умури Яман таъкид кард, ки Яман фалаҷ шудаву 55 дарсади таъсисоти дармонӣ ва пизишкии ин кишвар ба далели ҷангу даргириҳо таътил шудаанд.

Макголдрик бо ишора ба шикасти талошҳои пуштипардаи Созмони милал барои мамониат аз интиқоли Бонки марказии Яман ба Адан, ин интиқолро муҷиби вахимтар шудани мушкилоту ранҷҳои мардуми Яман донист.

Вай дар идома, баста мондани фурӯдгоҳи байналмилалии Санъоро дар шароити кунунӣ, ки Яман муҳосираи ҳавоӣ низ шудааст, яке дигар аз илали вахимтар шудани шароити инсонӣ дар ин кишвар донист.