Декабр 20, 2016 20:20 Asia/Dushanbe
  • Боздошти аъзои хонаводаи омили террори сафири Русия дар Анкара

Полиси Туркия панҷ мазнунро, ки аз аъзои хонаводаи омили террори сафири Русия дар Анкара ҳастанд, ба иттиҳоми даст доштан дар ин иқдоми террористӣ боздошт кард.

Ба иттилои хабаргузории Форс, полис гуфтааст, падару модар, хоҳар ва ду бародари Мавуд Мерт Отлинтош, ки дар устони Айдин зиндагӣ мекунанд, дар боздошти хонагӣ ба сар мебаранд ва ҳамутоқи вай низ боздошт шудааст.

Отлинтош пас аз куштани сафири Русия ба дасти нерӯҳои амниятии Туркия кушта шуд.

Мақомҳои амниятии Туркия имрӯз эълом карданд, барои расондани Карлов ба бемористон бояд ба суръат иқдом мешуд ва ба ҳамин далел чорае ҷуз ҳадаф қарор додани фарди муҳоҷим набуд.

Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, бозрасони рус бо ҳадафи кумак ба раванди таҳқиқот дар бораи террори сафири Русия дар Анкара, вориди Туркия шуданд.  

Лавров дар оғози нишасти сеҷонибаи Маскав-Анкара-Теҳрон дар бораи буҳрони Сурия дар Маскав таъкид кард, раисони ҷумҳури Русия ва Туркия дар бораи мушорикати бозрасони рус дар таҳқиқоти полиси вижаи Туркия дар ин замина, ба тавофуқ расиданд.  

Сафири Русия дар Туркия шомгоҳи душанбе 19 декабр ҳангоми боздид аз як намоишгоҳи акс дар Анкара, бар асари тирандозии фарди мусаллаҳе, ки ба гуфтаи мақомоти амниятии Туркия аз нерӯҳои полиси ин шаҳр буд, кушта шуд.