Шиллеки мустақими полиси Амрико ба кӯдаки 11 солаи сиёҳпӯст
(last modified Sat, 27 May 2023 05:13:50 GMT )
Май 27, 2023 10:13 Asia/Dushanbe
  •  Шиллеки мустақими полиси Амрико ба кӯдаки 11 солаи сиёҳпӯст

Як писари 11 солаи сиёҳпӯсти амрикоӣ, ки бо тамоси изтирорӣ аз полис кумак хоста буд, ҳадафи тирандозии полис қарор гирифт .

 Табъизи нажодӣ ва хушунат алайҳи сиёҳпӯстон пешинае ба андозаи таърихи Амрико дорад ва ҳамвора ба унвони яке аз хусӯсиёти манфӯри ҷомеъаи Амрико матраҳ будааст .
Ахиран низ як сарбози туфангдори амрикоӣ як бехонумони сиёҳпӯстро дар метро муқобили чашми соири мусофирон хафа кард .
Ба гузориши Дойче веле, як писари 11 солаи сиёҳпӯст бомдоди шанбе дар шаҳри кучаки Аиндёнола дар иёлати Месисипи дар паи як даъвову даргирии хонагӣ байни волидайн ба хости модараш бо полис тамос гирифт ва хостори кумак шуд, ки пас аз расидани маъмурони полис ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт ва ба шиддат маҷрӯҳ шуд .
Модари кӯдак гуфта ки писараш дар ҳоли ҳаракат ба самти дари вурӯдӣ мавриди шиллек қарор гирифт ва аз қафасаи сина маҷрӯҳ шуд . Ӯ инак аз бемористон мурраххас шудаву даврони дармонро сипарӣ мекунад .
Карлос Мор, вакили ин хонавода эълом карда ки писарбача ба сахтӣ аз марг наҷот ёфтааст ва ба далели осебдидагии шуш, шикастагии  қабурға ва порагии ҷигар таҳти муроқибатҳои пизишкӣ қарор дорад.
Идораи полис эълом карда, ки саргарми таҳқиқ дар бораи ин мавзӯъ аст ва омили тирандозӣ ба мурраххасии иҷборӣ эъзом ва аз кор таълиқ шудааст.