Беҳурматии муҷадади Қуръони Карим муқобили сафорати Туркия ва Ироқ дар Копенгаген
Аъзои як гуруҳи нажодпарас ва зидди ислом дар Донморк бори дигар як ҷилд Қуръони Каримро дар муқобили сафоратхонаҳои Туркия ва Ироқ дар Копенгаген сузонданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо аъзои гуруҳи ба номи ватанпарастони донморки дируз шанбе дар муқобили бинои сафорати Туркия нусхаи аз Қуръони Каримро ба оташ кашиданд.
Ҳамчунин хабарнигори ин хабаргузори тавзеҳ дод, ки ин гуруҳ як нусхаи дигар аз Қуръонро дар муқобили бинои сафорати Ироқ дар Донморк сузонданд.
Ширкаткунандагон дар ин иқдоми таҷовузкорона бо барафроштани банерҳо ва сар додани шиъорҳои зидди дини ислом лаҳзаҳои сузондани Қуръонро аз тариқи пахши зинда дар шабакаҳои иҷтимоъӣ анҷом шуд.
Гуфтани аст ин иқдоми таҳрикомез таҳти ҳимоти полиси Донморк анҷом шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки фесбук маҳдудиятҳоеро барои бархе аз видеоҳои ин гуруҳ эъмол карда буд.
Ахиран иқдомоти тавҳиномез ба Қуръони Карим дар Шветсия ва Донморк ташдид шуда аст, ки албата вокунишҳоеро зидди ин ду кишвар ба далели додани иҷозаи чунин иқдомоти таҳрикомез дар бар дошта аст.