Мабъаси Паёмбари Ислом; нуқтаи сарнавиштсозе дар зиндагии башарӣ
https://parstoday.ir/tg/news/religion-i123876-Мабъаси_Паёмбари_Ислом_нуқтаи_сарнавиштсозе_дар_зиндагии_башарӣ
Порс тудей - Мабъаси Паёмбари Ислом(с)-ро метавон нуқтаи чархиши таърих донист ; рухдоде, ки бо такя бар тиловат, тазкия, таълиму ҳикмат, сохторҳои фикрӣ ва иҷтимои башарро дигаргун кард.
(last modified 2026-01-20T06:32:20+00:00 )
Январ 17, 2026 15:51 Asia/Dushanbe
  •   Масҷид-ун-Набӣ дар Мадина
    Масҷид-ун-Набӣ дар Мадина

Порс тудей - Мабъаси Паёмбари Ислом(с)-ро метавон нуқтаи чархиши таърих донист ; рухдоде, ки бо такя бар тиловат, тазкия, таълиму ҳикмат, сохторҳои фикрӣ ва иҷтимои башарро дигаргун кард.

Дар тақвими ҳиҷрии қамарӣ , рӯзи бисту ҳафтуми моҳи Раҷаб ба унвони солрӯзи Мабъаси Паёмбари Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо ( с ) , сабт шудааст ; рӯзе ки ба гуфтаи андешмандони таърихи ҷаҳон , оғозгари фасли тозае дар таърихи маънавӣ ва иҷтимоии башар аст. Ин рухдод , на танҳо нуқтаи шурӯи рисолати Паёмбари Ислом(с), балки нуқтаи сарнавиштсозе дар таҳаввули фикрӣ , ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеъаҳои инсонӣ ба шумор меояд.
Чаҳор ҳадафи бунёдини Биъсат
Қуръони Карим дар ояи 164 сӯраи Оли Имрон , чаҳор меҳвари аслии Биъсати Паёмбари Ислом(с)-ро бармешуморад : « «لَقَدْ مَنَّ اللهُ عَلَی الْمُؤْمِنینَ إِذْ بَعَثَ فیهِمْ رَسُولاً مِنْ أَنْفُسِهِمْ یَتْلُواعَلَیْهِمْ آیاتِهِ وَ یُزَکِّیهِمْ وَ یُعَلِّمُهُمُ الْکِتابَ وَ الْحِکْمَةَ وَ إِنْ کانُوا مِنْ قَبْلُ لَفی ضَلالٍ مُبینٍ» » . « Яқинан Худо бар муъминон миннат ниҳод, ки дар миёни онон паёмбаре аз худашон барангехт, ки оёти Ӯро бар онон мехонд ва [ аз олӯдагиҳои фикрӣ ва рӯҳӣ ] покашон мекунад , Китобу ҳикмат ба онон меомӯзад , ба ростӣ ки онон пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд . »
Тиловати оёти Илоҳӣ , тазкияву полоиши ахлоқӣ , таълими Китобу дониш ва омӯзиши ҳикмат . Ин чаҳоргона , чорчубаи равшан аз маъмурияти Паёмбар ироа медиҳад ; маъмурияте ки ҳадафи он ҳидояти инсон аз гумроҳӣ ба сӯи маърифат ва  рушду саодат дар ин дунёву ҷаҳони пас аз ин аст . Аммо ин чаҳор ҳадафи муҳим муҷиби бисёре аз таҳаввулот барои зиндагии башар аст. Мавридҳои зер намӯнае аз ин таҳаввулот аст:
1 . Эҳёии арзишҳои фардӣ ва иҷтимоӣ
Биъсати Паёмбари Ислом дар даврае рух дод, ки ҷомеъаи Араб гирифтори сохторҳои сахти ҷоҳилӣ буд ; фазилатҳое чун сабр, гузашт, саховат ва ҳаё камранг шудаву арзишҳои инсонӣ дар сояи таассуботи қабилаӣ фаромӯш шуда буд. Паёмбари ислом бо такя бар омӯзаҳои ваҳй ин арзишҳоро эҳё кард ва мафҳумҳое ҳамчун озодӣ , адолати иҷтимоӣ ва каромати инсониро дар ҷомеъа ниҳодина сохт ; мафоҳимӣ ки баъдҳо ба сутунҳои тамаддуни исломӣ табдил шуданд.
2 . Раҳоӣ аз торикиҳо
Ҳазрати Алӣ ( а ) –ёри вафодори Паёмбари Ислом дар хутбаи 89 Наҳҷулбалоға , тасвири дақиқ аз шароити иҷтимоӣ ва фикрии пеш аз Беъсат ироа мекунанд : «أرسَلَهُ عَلی حِینِ فَترَةٍ مِنَ الرُّسُلِ و طُولِ هَجعَةٍ مِنَ الاُمَمِ و اعتِزامٍ مِنَ الفِتَنِ وَانتِشارٍ مِنَ الاُمُورِ و تَلَظٍّ مِنَ الحُرُوبِ و الدُّنیا کاسِفَةُ النُّورِ، ظاهِرَةُ الغُرورِ عَلی حِینِ اصفِرارٍ مِن وَرَقِها و إیاسٍ مِن ثَمَرِها».. « Худованд , Муҳаммадро дар замоне фиристод, ки рӯзгоре буд паёмбаре барангехта нашуда буд ва мардум дар хоби тӯлонӣ ба сар мебурданд ва фитнаҳо боло гирифта ва корҳо парешон шуда буд ва оташи ҷангҳо шуъла мекашид ва дунё бефурӯғу пур аз макру фиреб гашта буд , баргҳои дарахти зиндагӣ ба зардӣ гароида ва аз ба бор нишастани он қатъи умед шуда буд. » Ба гуфта ишон он даврон , давроне буд ки дар он паёмбаре барангехта нашуда буд , фитнаҳо густариш ёфта буд , ҷангҳо шуълавар буду мардум дар « хоби тӯлонӣ » ба сар мебурданд . Дар чунин фазое , Беъсати Паёмбари Ислом ба масобаи нуре буд, ки торикиҳои ҷаҳл , хушунат ва беадолатиро шикофт ва масири тозае пеши рӯй башарият гушуд .
3 . Бедорсозии хираду андеша
 Яке аз аҳдофи асосии паёмбарон , барангехтани қудрати тафаккур дар инсонҳост. Амиралмуъминин ( а ) дар Наҳҷулбалоға таъкид мекунанд, ки Паёмбарон омадаанд то « ганҷинаҳои хирад »-ро дар даруни инсонҳо фаъол кунанд. Аз ин рӯ Биъсати Паёмбари Ислом(с), ки таъкидаш бар хондан ва дарёфти ҳикмату тазкияи худ барои тавсеаи маърифат аст , нуқтаи оғози ин бедорсозии фикрӣ қаламдод мешавад .

  4 . Истиқрори сулҳу оромиш
Амнияту оромиш , аз ниёзҳои бунёдини ҳар ҷомеъаи инсонӣ аст ва асосан рушде бидуни оромиш ҳосил намешавад. Паёмбари Ислом бо ироаи улгӯи раҳмату мудоро , масири сулҳро ба мусулмонон нишон дод. Намунаи торихӣ аз ин рӯйкард , рафтори Паёмбар(с) дар рӯзи фатҳи Макка аст ; рӯзе, ки бархе аз ёрон шиори « ал  явмул малҳама » сар доданд , аммо Паёмбари Ислом(с) бо қотеъият эълом кард : « ал явмул марҳама » ва дар ҳоле, ки мардуми Макка интизори интиқом доштанд , Паёмбар(с) на танҳо аз муҷозоти онон чашмпӯшӣ кард , балки ин рӯзро рӯзи раҳмат номид ; рӯйкарде, ки худ заминасози гароиши густардаи мардуми Макка ба Ислом шуд.