Ноябр 10, 2023 19:35 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Саҳми пули миллӣ дар тиҷорати байни кишварҳои узв ба 85 то 90 дарсад расидааст
    Лавров: Саҳми пули миллӣ дар тиҷорати байни кишварҳои узв ба 85 то 90 дарсад расидааст

Вазири умури хориҷаи Русия ахиран эълом кард, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба таври фаъол раванди канор гузоштани долларро оғоз кардаанд.

Ин матлабро Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар нишасте дар бораи ҳалли масъалаи Украина баён кард.

Ба гуфтаи вай, мотори ин фроянд дар иқтисоди ҷаҳон Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.

Вай гуфт, мушаххас аст, ки дар миёни авомили канор гузоштани доллар созмонҳое монанди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои ИДМ -ро мебинем.

Ба гуфтаи Лавров, саҳми пули миллӣ дар тиҷорати байни кишварҳои узв ба 85 то 90 дарсад расидааст.

Вазири умури хориҷаи Русия хотирнишон кард, мубодилаи колоҳои мо бо Чин тақрибан ба ҳамон сатҳ дар канор гузоштани доллар хоҳад расид.

Вазири умури хориҷаи Русия ёдовар шуд, дар соли ҷорӣ дар нишасти БРИКС қасди эҷоди воҳиди ҳисоби муштараке ғайр аз пули миллӣ баён шуд.

Вай ҳамчунин ба тасмими АСИАН (ҷануби шарқи Осиё) барои тарвиҷи тасвияҳисобҳо ба арзҳои маҳаллӣ ва пайванд додани системаҳои пардохти минтақаӣ ишора кард.

Пеш аз ин Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфта буд, ки ИИАО бояд нақши калидӣ дар суботи иқтисодӣ ифо кунад.

 

Барчасп