Декабр 31, 2016 21:09 Asia/Dushanbe
  • Корномаи номуваффақи дабири куллии Бан Ки Мун

Дуввумин давраи панҷсолаи дабири куллии Бан Ки Мун дар Созмони милал 31декабри 2016 поён ёфт ва бо поёни даврони Бан Ки Мун, аз аввали январи 2017 Антонио Гутерреси 71 сола ба унвони нуҳумин дабири кулли ин созмон кори худро оғоз мекунад.

Дар давраи даҳсолаи тасаддии Бан Ки Мун ба унвони дабири кулли Созмони милал, ин бузургтарин ниҳоди байналмилалӣ бо масоил, чолишҳо ва буҳронҳои зиёде мувоҷеҳ шуд. Бо ин ҳол Бан Ки Мун дар бархурд бо бисёре аз ин чолишҳо, амалкарди матлубе надошт. Барои баррасии амалкарди Бан Ки Мун бояд масоили фарорӯи вайро ба ду даста тақсим кард: Нахуст, чолишҳои дохилии Созмони милал, ки умдатан ҳавли ду меҳвари асле яъне буҷети Созмони милал ва ислоҳи сохтори Созмони милал ва Шӯрои амният қарор дошт. Дар бораи буҷети Созмони милал илова бар муъзали ҳамешагии ин ниҳоди байналмилалӣ яъне напардохтани саҳмияи мушаххасшуда аз сӯи бархе кишварҳо, шоҳиди он ҳастем, ки бархе аз қудратҳои байналмилалӣ монанди Амрико бо таваҷҷуҳ ба пардохти саҳми қобили таваҷҷуҳе аз буҷети Созмони милал дар мавориди мухталиф мақомоти ин созмон ва ниҳодҳои вобаста ба онро барои пазириши хостаҳои худ таҳти фишор мегузоранд. Аммо масъалаи муҳимтар адами интибоқи сохтори кунунии рукни амниятии ин созмон яъне Шӯрои амният бо воқеиёт ва таҳаввулоти ҷадид дар арсаи сиёсат ва иқтисоди байналмилал аст. Бан Ки Мун натавонист ба рағми дархости сарони кишварҳои мухталиф барои тасреъ дар ислоҳи сохтори Шӯрои амният, иқдоме дар ин замина сурат диҳад .

Аммо дастаи дуввуми чолишҳое, ки Бан Ки Мун бо онҳо мувоҷеҳ шуд, чолишҳои хориҷӣ ва масоил ва буҳронҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ буд. Дар ин замина метавон батаври хос ба мавориде монанди буҳрони Сурия, буҳрони Украина, буҳрони Судони Ҷанубӣ ва ҷанги Яман ишора кард. Дар бисёре аз ин маворид, Бан Ки Мун сирфан ба унвони як назорагар амал кард ва қодир ё моил ба ифои нақшии таъсиргузор ва созанда набуд. Дар ин росто Бан Ки Мун дар нишасти тавдеъ ва муорифаи дабири кулил ҷадиди ин созмон изъон кард, ки бисёрӣ аз барномаҳои ин ниҳоди байналмилалӣ бо шикаст рӯ ба рӯ шудааст ва ҳеч як аз ин шикастҳо бадтар аз идомаи буҳрони Сурия набудааст. Дар мавориде монанди ҷанги Яман низ, Созмони милал на танҳо қодир ба ҷилавгирӣ аз таваққуфи ҳамалоти ҳавоии бераҳмонаи режими Саудӣ алайҳи мардуми бепаноҳи Яман нашуд, балки ҳатто дар як расвои ошкор, номи режими Саудиро аз феҳристи режимҳои кӯдаккуш хат зад дар ҳоле, ки қаблан онро дар феҳристи худ оварда буд ва сирфан пас аз таҳдиди саудиҳо дар заминаи қатъи кумакҳои молии худ ба Созмони милал, номи онро ҳазф кард. Ин масъала нишон медиҳад, ки Созмони милал таҳти фишори бархе кишварҳо ба роҳатӣ аз мавзеи худ ақибнишинӣ мекунад.   Табиатан бо вазъияти кунунии ин созмон наметавон умеде ба ҳалли масоил ва буҳронҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дошт .

 

Барчасп